27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
04.08.2025 11:07

“Афзалияти стратегӣ”: Эрон ба густариши равобит бо Тоҷикистон пойбанд аст

“Афзалияти стратегӣ”: Эрон ба густариши равобит бо Тоҷикистон пойбанд аст

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ таъкид кард, ки густариши равобит бо Душанбе аз афзалиятҳои стратегии сиёсати хориҷии Эрон мебошад.

Сайид Аббос Ироқчӣ ин суханонро рӯзи чоршанбе дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат иброз дошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташрифи Вазири корҳои хориҷии Эрон истиқбол намуда, равобити Тоҷикистону Эронро решадор дар дӯстии чандинасра ва эҳтироми мутақобил арзёбӣ кард. Ӯ ба зарурати тақвияти бештари ҳамкорӣ дар партави чолишҳои ҷорӣ дар минтақа таъкид намуд.

Сайид Аббос Ироқчӣ ба робитаҳои муштараки забонӣ, фарҳангӣ ва таърихии ду кишвар ишора намуда, онҳоро пояи устувори рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳимми тиҷорат, дипломатия, маориф ва табодули фарҳангӣ номид.

Дар ҷараёни мулоқот дипломати эронӣ паёми расмии Пешвои Инқилоби Исломӣ Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Масъуд Пизишкиёнро ба роҳбарияти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик расонд.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба густариши ҳамкорӣ ва таҳаввулоти минтақавӣ, аз ҷумла Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ғарби Осиё табодули назар карданд ва нигарониҳои муштарак дар бахши амниятро баён доштанд.

Мулоқоти Ироқчӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин

Баъдтар дар ҳамон рӯз Сайид Аббос Ироқчӣ бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ анҷом дод. Ин гуфтугӯ ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, сайёҳӣ ва консулгарии ду кишвар иртибот дошт.

Ҳарду вазир муҳим будани тақвияти ҳамкориҳои бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии ду кишварро таъкид карданд. Онҳо, ҳамчунин, рӯйдодҳои минтақавӣ ва байналмилалиро, аз ҷумла вазъи нигаронкунандаи башардӯстона дар Ғазза ва Афғонистонро баррасӣ карданд.

Сайид Аббос Ироқчӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои мавқеи рӯшани он дар маҳкум кардани ҳамлаҳои низомӣ бар зидди Эрон изҳори сипос кард. Ӯ режими Исроилро барои поймолсозии такрории ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ ва амалҳои наслкушӣ дар Фаластини ишғолшуда маҳкум карда, аз ҷомеаи байналмилал ва кишварҳои исломӣ даъват ба амал овард, ки барои дифоъ аз мардуми Фаластин иқдоми муштарак ва муассир анҷом диҳанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ аз иродаи сиёсӣ ва омодагии кишвараш барои таҳкими равобит бо Эрон изҳори хушнудӣ карда, зарурати ҳамкории бештар дар бахши иқтисод ва тиҷоратро таъкид намуд. Ӯ иродаи муштараки роҳбарони ду кишварро барои рушди ҳамгироӣ дар ҳама соҳаҳо мусбат арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба зарурати тақвияти ҳамоҳангӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид таъкид карда, дар бораи ҳифзи мероси муштараки тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонӣ ва пуштибонии мутақобил дар созмонҳои бисёрҷониба иттифоқи назар доштанд.

Ҳамкории фарҳангӣ дар маркази гуфтугӯҳои Эрон ва Тоҷикистон

Дар канори ин сафари дипломатӣ сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ дидор кард.

Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон доир шуд, ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкории фарҳангӣ ба воситаи рушди забони форсӣ, нашри китобҳо, табодули ҳайатҳо дар бахшҳои фарҳанг, санъат ва ВАО, ҳамчунин, барномаҳои муштарак дар бахшҳои синамо, мусиқӣ ва театр табодули назар карданд.

Мақомот ба аҳамияти баргузории ҳафтаи фарҳангии Эрону Тоҷикистон, ки барои тирамоҳи имсол ба нақша гирифта шудааст, ишора карда, онро фурсати муҳим барои ба намоиш гузоштани мероси муштараки фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои мардумӣ донистанд.

Сайид Аббос Ироқчӣ субҳи рӯзи чоршанбе бо ҳамроҳии сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ аз Теҳрон озими Душанбе шуд.

Эрон ва Тоҷикистон робитаҳои амиқи фарҳангӣ, забонӣ ва таърихӣ доранд. Дар солҳои ахир, ду кишвар ҳамкориҳои дуҷонибаи худро дар бахшҳои мухталиф тақвият мебахшанд.  Аз ҷумла, 13-уми июни соли 2022 Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон доир гашта буд, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкориҳо дар бахши туризм буд.

Ҳамчунин, 21-уми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи муштараки амнияти ду кишвар доир гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Эрон ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳадафи ин ташаббуси муштараки амниятӣ ҳамоҳангсозии талошҳо бар зидди терроризм, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир буд, ки масъалаҳои амниятии муштаракро ҳадаф қарор медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.