Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Қурбон Ҳакимзода бо вазири эронӣ масъалаи густариши робитаҳои кишоварзиро баррасӣ кард
Қурбон Ҳакимзода, Вазири кишоварзии Тоҷикистон истодагии мардуми Эрон дар баробари ҷанги таҳмилиро ситоиш намуда, бори дигар таъкид кард, ки Тоҷикистон дар ин ҷанг аз Эрон дастгирӣ мекунад.
Ӯ ин изҳоротро дар ҷараёни мулоқот бо вазири кишоварзии Эрон Ғуломризо Нурӣ Қизиодеҳ баён кард.
Дар ин мулоқот вазири эронӣ ба таваҷҷуҳи президенти Эрон нисбат ба рушди ҳамаҷонибаи робита бо кишварҳои дӯст ва ҳамсоя таъкид карда, гуфт: “Рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ миёни ду кишвар яке аз намунаҳои амалӣ намудани сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди ҳамсоягон ва минтақа аст”.
Ӯ бо ишора ба аҳамияти амнияти озуқаворӣ барои ҳар ду кишвар ва минтақа омодагии Эронро барои густариши бештари ҳамкорӣ ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ эълон кард.
Аз ҷониби дигар Қурбон Ҳакимзода ба имзои ёддошти созишнома оид ба ҳамкориҳои кишоварзӣ миёни ду кишвар ишора карда, аз баргузории муваффақонаи нахустин ҷаласаи Кумитаи муштараки ҳамкориҳои кишоварзӣ дар соли гузашта изҳори қаноатмандӣ намуда ва тавофуқномаҳои имзошударо мусбат арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни мулоқот вазирони кишоварзии ду кишвар дар бораи стратегияҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои коркарди саноатӣ, ҳамкории техникӣ дар механикакунонии кишоварзӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки ҷаласаи дуюми Кумитаи муштараки ҳамкориҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон дар ояндаи надик баргузор гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”