27 Сентябр 2026,
якшанбе, 18:59, Душанбе
01.08.2025 18:26

Оё матбуоти чопӣ мемирад? Тағйири симои расонаҳои анъанавӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Аввалин рӯзнома дар ҷаҳон дар соли 1605 дар Олмон нашр шуд. Дар давоми чаҳорсад сол матбуоти чопӣ яке аз қувваҳои пуриқтидор дар ташаккули афкори умум ва демократия буд. Аммо, имрӯз дар асри рақамӣ ин неру ба шиддат заиф гаштааст. Оё ин ба маънои он аст, ки матбуоти чопӣ ба сӯйи марг меравад? Ва агар чунин аст, пас чӣ омилҳо онро ба ин сӯ тела медиҳанд?

Рақамисозӣ ва коҳиши эътимод ба коғаз

Таҳқиқоти анҷомёфтаи созмони “Pew Research Center” дар ИМА нишон медиҳад, ки дар соли 2023 ҳаҷми фурӯши рӯзномаҳои чопӣ дар Амрико ба сатҳи солҳои 1940 поин рафтааст. Фақат дар соли 2022 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 2500 рӯзномаи маҳаллӣ ва миллӣ ба кори худ хотима доданд. Фаъолияти расонаҳо ба шакли рақамӣ гузашт ва бисёре аз онҳо дар формати онлайн зинда мондаанд.

Пажӯҳиши Донишгоҳи Оксфорд дар доираи лоиҳаи “Reuters Institute Digital News Report 2023” нишон медиҳад, ки дар аксари кишварҳои Аврупо, бахусус Британия, Олмон ва Шветсия шохиси хонандагони матбуоти чопӣ дар зери 15% қарор дорад, ин дар ҳоле ки истифодабарандагони иттилои рақамӣ беш аз 70% -ро ташкил медиҳанд.

Омили иқтисодӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ

Коршиносони рус, аз ҷумла Павел Гусев, сармуҳаррири “ Московский комсомолец ” мегӯяд, “мо шоҳиди марги суст ва табиии матбуоти чопӣ ҳастем, ки на фақат бар асари рақобат бо телевизион, балки зери фишори интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад”.

Гузориши Вазорати алоқа ва расонаҳои Русия (2024) низ нишон медиҳад, ки дар тӯли 10 соли ахир теъдоди рӯзномаҳои чопӣ дар ин кишвар 43% коҳиш ёфтааст. Бозор ба самти рақамӣ ҳаракат мекунад ва муҳтавои онлайн дорои ҳосили фаврӣ, дастрасии ому арзон аст.

Ин раванд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Дар Қазоқистон бар асоси иттилои Иттифоқи журналистони Қазоқистон дар тӯли панҷ соли ахир беш аз 60% рӯзномаҳои маҳаллӣ баста шудаанд ва аксари онҳо ба онлайн табдил ёфтаанд.

Бозори маҳдуди Тоҷикистон ва умед ба ислоҳот

Дар Тоҷикистон бозори матбуоти чопӣ хеле маҳдуд боқӣ мондааст. Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизиону радио то ба ҳол омори дақиқ нашр накардаанд, аммо ба гуфтаи таҳлилгарон аз миёни беш аз 500 номгӯи расонаҳои бақайдгирифташуда фақат 30-40-тои он ба таври мунтазам нашр мешаванд ва аксаран ҳам бо тиражи маҳдуд.

Ҳафтае қабл ду рӯзномаи маъруфи Тоҷикистон “Самак” ва “Фараж” пурра фаъолияти худро қатъ намуданд. Молики ин рӯзномаҳо Хуршеди Атовулло далели қатъи нашри рӯзномаҳоро дар хонанда надоштан унвон кард. Ӯ гуфт, ки нашрияҳо хонанда надоранд ва хароҷоти нашри онҳо аз ҳисоби фурӯш ба даст намеояд. Ӯ афзуд, ки акнун фаъолияти “Фараж” бо тағйири ном ба “Фараҳ” ба шакли электронӣ идома хоҳад кард.

Яке аз сабабҳои асосӣ, ба гуфтаи коршиносони расонаҳо, “афзоиши нархи қоғаз, камбудии сармоягузорӣ ва муҳити маҳдуди озодии баён аст, ки бисёре аз нашрияҳо наметавонанд дар сатҳи баланди рақобат бо онлайн зинда монанд”.

Бархе муҳаққиқони соҳаи журналистика иддао мекунанд, ки матбуоти чопӣ ҳаргиз намемирад ва фаъолияташро идома хоҳад дод. Онҳо ба ин нукта ишора мекунанд, ки матбуоти чопӣ, махсусан матбуоти давлатӣ аз ҷониби давлат сармоягузорӣ мешаванд ва шакли бақои худро идома хоҳанд дод. Матбуоти давлатӣ бо обунаи ҳатмӣ нафас мегирад ва агар обуна набошад, ба гумон аст, ки аз ҳисоби фурӯш ин нашрияҳо  фаъолияти худро идома диҳанд.

Оё умед боқӣ мондааст?

Ба андешаи таҳқиқгари англис Алан Расбриҷер, ки солҳои тӯлонӣ сардабири рӯзномаи “The Guardian” буд, “матбуоти чопӣ мемирад, аммо журналистика на. Муҳим он аст, ки арзишҳои аслии журналистӣ – таҳқиқ, таҳлил ва эътимод - дар кадом василае, ки набошанд, зинда монанд”.

Таҳлилгарони Маркази таҳқиқоти расонаҳои Ҷопон низ таъкид мекунанд, ки ҳатто дар ҷомеаҳои пешрафта матбуоти чопӣ метавонад дар шакли маҳаллӣ, таҳлилӣ ва ё соҳавӣ нақши муҳим бозад.

Дар Тоҷикистон низ як зумра муҳаққиқон ба ин назар мебошанд, ки “ҳанӯз ҳам насли муайяни хонандагон ба иттилои чопӣ эътимоди бештар доранд ва агар нашрияҳо ба сифати таҳлил ва муҳтавои аслӣ тамаркуз кунанд, метавонанд ҷойгоҳи худро нигоҳ доранд”.

Хатти хатм ё оғози нав?

Ҳарчанд нишондодҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки матбуоти чопӣ дар саросари ҷаҳон ба коҳиш рӯ ба рӯ аст, аммо ин марг наметавонад маънои пурра нобуд шудани иттилоъ ва таҳлилро дошта бошад. Баръакс, он метавонад оғози марҳилаи наве бошад, ки дар он воситаи ахбори омма бо шаклҳои нави иртибот, савдо ва эътимод рӯ ба рӯ шаванд.

Ҷустуҷӯи роҳҳои нав, мутобиқшавӣ ба муҳити рақамӣ ва дар айни замон нигоҳ доштани арзишҳои аслии журналистӣ метавонад боиси наҷоти воқеии расонаҳо шавад, хоҳ чопӣ бошад, хоҳ рақамӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.