Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Исроил зери фишори афкори умум тоқат намеорад
Рӯзномаи исроилӣ навишт, ки иқтисоди Исроил дар шароити фурӯпошӣ қарор гирифта, фишорҳои сиёсӣ ва таҳримҳо онро ба марҳилаи буҳронӣ расонидаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамраъйии ҷаҳонӣ бо Ғазза ва Эрон бар зидди Исроил рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Рӯзномаи “Ҳааретс” дар гузорише таҳти унвони “Суръати рӯ ба афзоиши даст кашидани кишварҳо, ширкатҳо ва сармоягузорон бо Исроил” навишт, ки тасвири нав ва манфие аз Исроил дар ҷаҳон шакл гирифт, ки паёмадҳои сангини иқтисодиро ба бор меоварад.
Дар гузориш омадааст, бар хилофи баъзе мардуми Исроил, ки тасвирҳои нашршуда аз Ғаззаро қалбакӣ ё таблиғотӣ мешуморанд, мардум дар берун аз Исроил чунин фикре надоранд. Онҳо кӯдакони гурусна ва ҷасадҳоро дар кӯча мебинанд ва ба ин натиҷа мерасанд, ки Исроил масъули ин вазъ аст ва ё ҳадди аққал иҷозаи рух додани чунин ҳолатҳоро медиҳад. Ин назари мардум сабаб шудааст, ки бисёре дар кишварҳои мухталиф ба таври ғайрирасмӣ маҳсулот ва хидматҳои Исроилро таҳрим кунанд.
Ин рӯзнома илова мекунад, ки барои мисол, бахши гардишгарии Исроил сахт осеб дидааст. Сайёҳони хориҷӣ дигар тамоюле ба сафар ба Исроил надоранд, ҳатто агар феълан хатари мушакборон коҳиш ёфта бошад. Дар муқобил, сайёҳон ва шаҳрвандони исроилӣ низ аз сафар ба хориҷ метарсанд, чун эҳтимоли рӯ ба рӯ шудан бо вокунишҳои душманона вуҷуд дорад. Ҳафтаи гузашта як киштии фароғатии исроилӣ натавонист дар яке аз ҷазираҳои Юнон лангар андозад ва гурӯҳе аз наврасони исроилӣ дар ҷазираи дигар ба моҷарои сиёсӣ гирифтор шудаанд.
“Ҳааретс” менависад, ки феълан чен кардани дақиқи хисороти молии ин таҳримҳо ва фишорҳои байналмилалӣ душвор аст, зеро бештари онҳо ҳанӯз дар ҳадди таҳдид боқӣ мондаанд ва Исроилу Амрико талош доранд, аз онҳо пешгирӣ кунанд. Аммо агар тасвирҳои дардноки Ғазза ва изҳороти баъзе аз мақомҳои Исроил дар бораи қатли ғайринизомиён идома ёбад, интизор меравад, кишварҳои бештар бар зидди Исроил иқдом кунанд.
Рӯзномаи исроилӣ афзудааст, маълум нест иқтисоди Исроил то куҷо метавонад дар баробари таҳримҳо ва фишорҳои густурдаи байналмилалӣ, бахусус аз ҷониби Аврупо ва Амрико, ки бахши бузурги тиҷорати Исроил бо онҳост, муқовимат кунад. Посухи дақиқ вуҷуд надорад.
Рӯзномаи “Ҳаарест” навишт, илова ба ин, ҳукумати Исроил барои таъмини хароҷоти ҷанг водор ба ин шудааст, ки ба иқтисодиёт маблағҳои ҳангуфт ворид кунад, то онро дастгирӣ намояд ва ҳамин чиз боис гардида, ки оморҳои дохилӣ беҳтар ба назар расанд. Ҳазинаҳои дифоӣ низ қарор аст дар соли оянда хеле бештар шаванд. Созмонҳои байналмилалӣ пешбинӣ кардаанд, ки касри будҷаи Исроил имсол ба 8 фоиз хоҳад расид.
Ба навиштаи рӯзнома симои Исроил дар ҷаҳон тағйир ёфтааст. Агар пештар Исроил ба ҳайси қурбонии ҷангҳои террористӣ муаррифӣ мешуд, ҳоло дар назари бисёриҳо ба як кишвари таҷовузгар табдил ёфтааст, ки бояд барои хушунат бар зидди мардуми Ғазза ва фаластиниён маҳдуд ва муҷозот шавад.
Рӯзномаи “Ҳааретс” навиштааст, ки ин тасвири манфӣ дар ҷаҳон густариш хоҳад ёфт ва ҳатто вақте ки дигар тасвирҳои Ғазза пахш нашаванд, бозгашт ба симои қаблӣ хеле душвор хоҳад буд. Эҳтимол меравад, рӯзе фаро мерасад, ки сармоягузорони хориҷӣ, ҳатто фондҳои бузурги технологие, ки то ба имрӯз аз сармоягузорӣ дар Исроил ҳимоят мекарданд, бинобар фишорҳои сиёсӣ ва нигарониҳои ахлоқӣ дигар аз сармоягузорӣ дар Исроил худдорӣ намоянд.
“Ҳааретс” ҳамчунин, ишора мекунад, ки таҷрибаи таҳримҳо ба иқтисод нишон додааст, ки таъсири таҳримҳо одатан бо таъхир ва тадриҷан рӯнамо мешавад. Барои мисол, Русия баъд аз ҳамла ба Украина дар соли 2024, бо вуҷуди рушди 4 фоизи истеҳсолот бо таварруми 10 фоиза ва меъёри фоизи қарзи 18 фоиза рӯ ба рӯ шудааст.
Ин рӯзнома меафзояд, ки дар ниҳоят таҳримҳо ба зиндагии рӯзмарраи мардуми кишваре, ки таҳрим шудааст, осеб мерасонанд ва ҳадаф низ ҳамин аст. Ин вазъ, то мардум болои ҳукуматашон фишор наоваранд, тағйир намеёбад.
Ин гузориши “Ҳааретс” нишон медиҳад, ки иқтисоди Исроил дар чӣ вазъияте қарор дорад, ки таҳримҳо ва фишорҳои сиёсӣ метавонанд тадриҷан онро ба як буҳрони ҷиддӣ расонанд, ин дар ҳолест, ки дастгириҳо ва ҳамраъйии ҷаҳонӣ бо Ғазза ва Эрон бар зидди Исроил дар ҳоли афзоиш аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”