27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:32, Душанбе
31.07.2025 18:37

Трамп ба ҷаҳон сулҳ новард. Доманаи ҷангу низоъ дар ҷаҳон густариш меёбад

Сиёсати дипломатияи сулҷӯёнаи замони корзори интихоботии Доналд Трамп акнун ранг бохт. Доналд Трамп натавонист на дар Ғазза, на дар Украина ва на дар Эрон сулҳро биёварад. Шиорҳои интихоботии ӯ, ки аксаран популистона садо медиҳад, бисёр умедворкунанда буд ва бисёр коршиносон бовар доштанд, ки президенти нави Амрико куллан дар саҳнаи ҷаҳон сиёсати хориҷии Амрикоро тағйир медиҳад ва ҷаҳон ба самти дигаре хоҳад рафт.

Ин умедворӣ то дер напоид ва ҷараёни ҳодисаҳо нишон дод, ки сиёсати хориҷии Амрико як стратегияи дарозмуддат аст ва ҳич президент наметавонад ба он тағйироти бунёдӣ ворид кунад.

Сухани ахири Доналд Трамп, ки бо яъсу навмедӣ гуфт “дигар бо Путин суҳбати телефонӣ намекунам”, баёнгари он аст, ки дигар барнома ва сиёсати хориҷии нави Доналд Трамп ба бунбаст расидааст.

Бар хилофи таблиғоти расонаҳои ғарбӣ сиёсати хориҷии Доналд Трамп пархошгарона буда, доманаи низоъҳо дар минтақаҳои ҷаҳонро густариш додааст. Кабутарони сулҳи Доналд Трамп на дар Ғазза, на дар Украина ва на дар Эрон натавонистанд паёми дақиқи сулҳро бирасонанд. Ҳамлаи ғофилгиронаи Исроил ба Эрон дар замоне, ки Амрико ва Эрон бар сари мизи музокира буданд, ҳама қонунҳои гуфтугӯро дарҳам шикаст. Таъсири фиреби дипломатии Амрико солҳо рӯйи қавоиди дипломатӣ таъсир хоҳад гузошт.

Васвоси беҳадду канори Доналд Трамп бар сиёсати зӯр ва таҳдид ҳама дарҳои гуфтугӯро бастааст. Ҳоло Трамп на фақат бо Русияву Чин ва Мисру бархе кишварҳои арабӣ, балки тақрибан бо кулли ҷаҳон мушкил дорад. Рӯйкарди сиёсати аввали Амрикои Доналд Трамп шерозаи нуфузи геополитикии Амрико дар ҷаҳонро дар зери таҳдид қарор дорад. Ҳоло марказҳои низоъ аз Ховари Миёнову Украина ба дигар қисматҳои ҷаҳон густариш меёбанд.

Нуқтаи аз ҳама тааҷҷубовар ин аст, ки Исроил Доналд Трампро барои гирифтани ҷоизаи Нобел номзад кардааст. Ин породокси сиёсати ҷаҳонӣ нишондиҳандаи он аст, ки Исроил ва Амрико қонунҳои ахлоқӣ дар сиёсатро нодида мегиранд ва ҳатто ба афкори умумии шаҳрвандонашон таваҷҷуҳ надоранд.

Рӯйкарди таҳоҷумӣ ва ҷинояткоронаи Исроил ва Амрико дар муқобили сокинони Ғазза кишварҳои арабӣ ва аврупоиро водор ба ин кардааст, ки иқдоми ҷасуронаро рӯйи даст бигиранд ва шароити ба расмият шинохтани кишвари Фаластин дар Созмони Милалро муҳайё кунанд.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири ҷангҷӯи Исроил бо сиёсати диктатурмаобона ҳама қавонини байналмилалиро зери по мекунад ва ба ҷанги ваҳшиёна дар Ғазза идома медиҳад. Ӯ аз гуруснагӣ ба ҳайси силоҳ истифода мекунад ва ин боиси хашми ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шудааст.

Русия дар қиболи сигнолҳои таҳдидомези Амрико, ки дар қолаби сулҳхоҳӣ пешниҳод мешавад, вокуниши муҳтодона нишон медиҳад. Чанде қабл Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, ки бар хилофи таҳдидҳои Амрико Русия раванди гуфтугӯ ва музокирот бо Украинаро идома медиҳад.

Ҳамлаи ғофилгиронаи Исроил ба Эрон шиддати буҳрон дар ҷаҳонро афзоиш дод. Бисёре аз шарикони стратегии Амрико дар Ховари Миёна ин иқдомро маҳкум карда, аз Исроил ва Амрико даъват намуданд, ки ба ҷанг хотима диҳанд. Бенямин Нетаняҳу, ки дар Ғазза гурӯҳи кӯчаки Ҳамосро натавонист шикаст диҳад, ба Эрон ҳамла кард ва тасаввур мекард, ки баъди ин ҳамла низоми Эрон аз ҳам мепошад. Эрон бидуни вақфа ба Исроил посухи қотеъ дод ва посухи Эрон боис шуд, ки Исроил ва Амрико оташбасро қабул кунанд.

Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу бидуни муҳосиба тасаввур мекарданд, ки бо як ҳамлаи ғофилгирона ҳама бунёдҳои низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро мешикананд. Аммо ин тасаввур нодуруст аз об берун омад. Мардум ва ҳатто мухолифони режими кунунии Эрон аз ҳамлаи Исроил ба кишварашон бо нафрат ёд карда, ҳамбастагии аҷибе бо ҳукумати Эрон нишон доданд. Гурӯҳе аз салтанатталабони эронӣ бо ҳамоқат аз ҳамлаи Исроил ҳимоят карданд, ки ин иқдом ба нафрат ва хашми мардум рӯ ба рӯ гардид.

Барномаи нуфузталабонаи Амрико дар ҷаҳон дар ҳоли ранг бохтан аст. Қудратҳои навзуҳур, ба мисли Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ, Бразилия дар сиёсатгузории имрӯзи ҷаҳон нақши муассиртаре ифо мекунанд. Онҳо рӯйкарди комилан мустақилона доранд, ки бо манофеи сиёсати имрӯзи хориҷии Исроил ва Амрико дар тазод аст.

Зарбаҳои муҳлики Эрон ба Исроил, ки ваҷҳаи низомии шикастнопазири Исроилро дарҳам кӯбид, бисёре аз кишварҳои Ховари Миёнаро водар ба таҷдиди назар дар сиёсати хориҷӣ кард. Ҳоло бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Миср, Қатар бо Эрон наздиктар шуда, аз сиёсатҳои ҷангталабонаи Амрико фосила мегиранд.

Фоҷеаи инсонӣ дар Ғазза шадидан ба ваҷҳаи Амрико ва Исроил дар сатҳи ҷаҳон осеб задааст. Ин масъала боиси ба вуҷуд омадани шикоф дар равобити кишварҳои ҳампаймони Амрико шудааст. Аврупо шадидан бо идомаи ҷанг дар Ғазза мухолиф аст ва ин чизест, ки Доналд Трампро асабонӣ мекунад. Доналд Трамп ба Исроил ҳаққи фароқонунӣ қоил аст ва аз ҳама ҷиҳат ин кишварро пуштибонӣ мекунад. Амрико аз кишварҳое, ки бар зидди Исроил ҳарф мезананд ва ё аз сиёсатҳои хилофи мавқеи Амрико ҳимоят мекунанд, хашмгин аст.

Вақте Доналд Трамп ба ҳайси президенти Амрико интихоб шуд, ваъда дода буд, ки ҷанги Ғазза ва Украинаро дар кӯтоҳтарин муҳлат хотима медиҳад. Ин шиор, аз аввал популистона менамуд, зеро на Исроил ва на Украина аз ин ҷанг ақибнишинӣ намекунанд. Исроил барномаи ишғоли комил ва кӯч додани мардуми Ғаззаро дар сар дорад ва Украина бошад, қотеъона таъкид мекунад, ки Русия бояд сарзаминҳои гирифтаашро баргардонад. Шартҳои Русия барои бақарории оташбас барои Украина қобили қабул нест ва Владимир Зеленский медонад, ки агар оташбас шавад, дар ниҳоят аз зимоми қудрат канор хоҳад рафт. Омадани чеҳраи нав дар раъси қудрат дар Украина ба маънои поёни сиёсати ҷангталабонаи Зеленский хоҳад буд.

Маҳмуд Осиф

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.