27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
31.07.2025 17:50

Раиси парлумони Тоҷикистон дар Женева: Иттиҳоди байнипарламентӣ бояд ба ҳалли буҳронҳои глобалӣ мусоидат кунад

Дар конфронси 6-уми раисони парламентҳои ҷаҳон, ки рӯзи 30-уми июл дар шаҳри Женеваи Швейтсария доир гардид, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ширкат ва суханронӣ намуд.

Файзалӣ Идизода таъкид намуд, ки иттиҳоди байнипарламентӣ имрӯз ба яке аз механизмҳои муассири ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва ташвиқи сулҳ дар ҷаҳон табдил ёфтааст.

“Мо, вакилон дар ин ҷо на фақат барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, балки барои пешгирии буҳронҳои сершуморе, ки ҷаҳонро фаро гирифтаанд, ҷамъ омадаем”- зикр намуд Файзалӣ Идизода.

Ӯ таъкид намуд, ки парламентҳои ҷаҳон бояд садоқати худро ба арзишҳои байналмилалӣ ва припсипҳои аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда таъкид намоянд.

Бар асоси иттилои расмӣ конфронси раисони парламентҳо аз соли 2000-ум ба ин сӯ минбари муҳимми табодули идеяҳо, таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва тақвияти дипломатияи парламентӣ гардидааст.

Раиси парлумони Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ гуфт, ки мақоми қонунгузории кишвар ба воситаи қабули қонунҳо ва тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ дар таъмини сулҳу субот, адолат ва пешрафти ҷомеа саҳм мегузорад.

Ширкати Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд нишони иродаи он ба ҳамгироӣ, ҳамкории созанда ва ҳимояи манфиатҳои мардум дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.