Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эрон барои роҳандозии қатораҳо аз Душанбе ба Марв омодагӣ мебинад
Эрон ният дорад ҳаракати қатораҳоро ба шаҳрҳои Душанбе ва Марв ба роҳ монад, ки як бахши стратегияи густариши ҳамкориҳои нақлиётии ин кишвар бо Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин бора Ҷаббор Алӣ Зокирӣ, мудири кулли Ширкати миллии роҳи оҳани Эрон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаҳои мазкур дар доираи барномаи таҷдиди зерсохтор ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ амалӣ мешаванд. Баъд аз таваққуфи панҷсола Эрон хатсайри Теҳрон-Ван (Туркия)-ро аз нав ба роҳ мондааст ва ҳоло дар фикри пайванди қатораҳо бо шаҳрҳои калидии Осиёи Марказӣ аст.
“Ҳоло корҳо барои роҳандозии хатсайр ба Марв (Туркманистон) ва Душанбе идома доранд” – гуфт Зокирӣ. Бо ин вуҷуд, ҷузъиёти дақиқи оғози ҳаракати қатораҳо эълон нашудааст.
Мақомоти эронӣ мегӯянд, шабакаи роҳи оҳан на фақат ба рушди савдо ва сармоягузорӣ, балки ба рушди сайёҳӣ ва меҳмондорӣ низ имкон фароҳам меорад. Зокирӣ афзуд, ки шабакаи роҳи оҳани Эрон бо мероси ғании таърихӣ пайванд дошта, ин имкон метавонад ба эҷоди ҷойҳои нави кор ва даромади бештар аз сайёҳӣ мусоидат кунад.
Ӯ, ҳамчунин, аз роҳандозии ду хатсайри нави байналмилалӣ хабар дод. Яке аз Анқара, ки дар ду моҳи оянда оғоз мегардад ва дигаре ба Ҳирот, ки дар назар аст то поёни моҳи оянда фаъол шавад.
Ҷаббор Алӣ Зокирӣ таъкид кард, ки ҳарчанд солона дар Эрон аз 150 то 300 километр роҳи оҳани нав сохта мешавад, вале барои фаъолияти комил зарурати навсозии вагонҳо боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ воридоти 300 вагони нав дар назар аст ва бо Чин барои таҳвили бештари онҳо қарордод ба имзо расидааст.
Дар айни ҳол, робитаҳои мусофиркашонии мустақим миёни Эрон ва Тоҷткистон ба воситаи парвозҳои ҳавоӣ анҷом мегиранд. Ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Varesh Airline” хатсайрҳои мунтазам миёни Душанбе ва шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла Теҳрон ва Машҳадро анҷом медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”