Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон ва Беларусия дар соҳаи кишоварзӣ ва иқтисод ҳамкориҳоро густариш медиҳанд
Ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларусия дар шаҳри Душанбе равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Ин мулоқот дар ҳошияи Машварати 10-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар ҷараёни ин мулоқот Қурбон Ҳакимзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Юрий Горлов, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Беларусия масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди арзёбӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот ду ҷониб омодагӣ ба ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷаласаи 37-уми вазирони кишоварзии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки баргузории он аз 17 то 20-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст, мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Дар ин мулоқот масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои коркарди ширу гӯшт, воридоти чорвои хушзоти гӯштию ширӣ, афзоиши содироти хушкмева ба базори Беларусия, таҳкими иқтидори корхонаи “Агротехсервис” –и Ҳисор дар васлу ҷамъ намудани техникаҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ ва мубориза бо ҳашароти заррарасон баррасӣ гардиданд.
Дар назар аст, дар ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ шумораи бештари доираҳои соҳибкорӣ ширкат кунанд ва як зумра созишҳои дуҷониба ба хотири афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба имзо расанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”