Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Чолтон-Ота мулоқоти корӣ анҷом доданд
Имрӯз мулоқоти корӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар шаҳри Чолтон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.
Дар ҷараёни ин мулоқоти муҳимми сатҳи олӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Зимни суҳбат, натиҷаҳои сафарҳои давлатии ахири ҳар ду президент ба кишварҳои ҳамдигар низ таҳлил гардид, ки ин сафарҳо ба таҳкиму рушди робитаҳои дуҷониба мусоидат кардаанд.
Сарони кишварҳо таъкид намуданд, ки густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва сармоягузорӣ барои рушди ҳар ду кишвар аҳамияти хос дорад. Дар паҳлуи ин, ба раванди демаркатсияи хатти сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, ки ҳадафи он таъмини сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии пойдор дар минтақа мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот сарони ду кишвар ҳамзамон перомуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд. Ин мулоқот яке аз марҳилаҳои муҳимми таҳкими робитаҳои дӯстона ва эътимоди тарафайн миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон арзёбӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад