Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Лавров: “Ғарб баъди ҳамла ба Эрон дар пайи оғози амалиёти нав дар Осиё ва Шарқи дур аст”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки баъд аз дахолатҳои Ғарб дар Эрон, Ховари Миёна ва Украина онҳо дар фикри анҷоми амалиёти нав дар минтақаи Осиё ва Ховари дур, аз ҷумла нимҷазираи Корея мебошанд.
Сергей Лавров рӯзи душанбе зимни баррасии созиши ахири Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи тахфифи тиҷорат гуфт, ки ин созиш метавонад боиси индустриализатсияи дубораи Иёлоти Муттаҳида ва суст шудани саноати Аврупо гардад, зеро сарчашмаи энергетикии Амрико назар ба сарчашмаҳои русӣ гаронтар мебошанд.
Ин созиш баъд аз мулоқоти рӯзи якшанбеи Доналд Трамп бо Урсула Фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо дар яке аз майдонҳои голфи Трамп дар Шотландия ба даст омад.
Ба гуфтаи Доналд Трамп “мулоқот ҷолиб буд ва созиш барои ҳар ду ҷониб фоидовар хоҳад буд”. Ин гуфтугӯҳо, ки ба қавли таҳлилгарон “сарнавиштсоз” буданд, бо мақсади пешгирӣ аз таҳримҳои тиҷоратии мутақобила сурат гирифтанд.
Сергей Лавров ҳамзамон таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо боло бурдани арзиши сарчашмаҳои энергетикӣ ба Аврупо зарбаи шадид мерасонад, ки ба саноат, кишоварзӣ ва ҷараёни сармоя таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Дар идомаи суханронии худ Сергей Лавров Доналд Трампро “сиёсатмадори амалгаро” тавсиф намуд ва гуфт, ки мухолифи ҷанг асту аз музокира истиқбол мекунад.
Ин изҳороти Сергей Лавров дар ҳоле садо медиҳад, ки Доналд Трамп дар миёни музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико ба ҳамлаҳои таҷовузкоронаи Исроил бар зидди Эрон “чароғи сабз” нишон дода, ҳатто дастгирии комили худро баён кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”