Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Молики ширкати ChatGPT: “Аз роботҳои зеҳни сунъӣ барои машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ истифода набаред”
Сэм Алтман, мудири кулли ширкати “OpenAI” ва ихтироъкунандаи ChatGPT ба корбарон тавсия дод, ки аз чат-ботҳои зеҳни сунъӣ барои дар миён гузоштани сирҳои шахсӣ ё масъалаҳои ҳуқуқиву равонӣ истифода накунанд.
Сэм Алтман дар суҳбати ахир бо Тео Вон, муҷрии подкасти “This Past Weekend” таъкид намуд, ки ҳарчанд суҳбат бо зеҳни сунъӣ бояд дорои сатҳи баланди махфият бошад, айни замон барои ин масъала ҳич қонуни возеҳе вуҷуд надорад.
Дар суҳбат Тео Вон гуфт, ки яке аз сабабҳои шубҳааш ба истифодаи зеҳни сунъӣ он аст, ки намедонад иттилооти шахсиаш дар дасти кӣ аст. Алтман посух дод: “Фикр мекунам ин нигаронӣ комилан мантиқӣ аст. Пеш аз он ки истифодаи густурда оғоз гардад, мардум бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ аз махфият итминон ҳосил кунанд”.
Дар солҳои ахир, бисёре аз корбарони ChatGPT ва дигар чат-ботҳоро ҳамчун табиб, машваратчии ҳуқуқӣ ва равоншинос истифода мебаранд. Вале мутахассисон ва ҳоло худи Сэм Алтман низ ҳушдор медиҳанд, ки чунин истифода метавонад боиси мушкилоти бузурги ҳуқуқӣ ва фош гардидани иттилооти махфӣ гардад.
“Мардум, бахусус ҷавонон, ин абзорҳоро мисли машваратчии равонӣ ё коуч истифода мебаранд. Масалан, мегӯянд, ман мушкили эҳсосӣ дорам, чӣ кунам? Дар ҳоле ки агар ҳамин масъалаҳоро бо равоншинос ё ҳуқуқшинос дар миён гузоред, суҳбатҳоятон зери ҳимояи қонун аст”- мегӯяд Алтман.
Ӯ афзуд, “агар шумо бо ChatGPT дар бораи хусуситарин масъалаҳои шахсӣ суҳбат кунед ва баъдан баҳси ҳуқуқие пеш ояд, мумкин аст ширкати мо маҷбур шавад, он иттилоотро ошкор намояд”.
“Ба назари ман, ин вазъияти печида ва нигаронкунанда аст. Мо бояд барои гуфтугӯ бо зеҳни сунъӣ ҳамон сатҳи ҳимояи қонунӣ дошта бошем, ки барои табиб ё ҳуқуқшинос вуҷуд дорад”- мегӯяд Олтман.
Сэм Алтман иқрор кард, ки дар айни замон гуфтугӯи шахсии корбарон бо ChatGPT ҳатман махфӣ нестанд, зеро ягон асоси ҳуқуқӣ барои ҳифзи иттилооти ҳассос ва шахсӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, ин масъала бояд бо суръат ҳал шавад ва илова кард, ки бисёре аз сиёсатмадорон низ бо ӯ ҳамназаранд.
Ҳамчунин, нигарониҳое вуҷуд доранд, ки дар сурати истифодаи ChatGPT барои машварати равонӣ, мумкин аст иттилооти корбарон дар ҳолатҳои дигар, масалан дар муомила бо ширкатҳои суғуртавӣ, аз ҷониби дигарон ба даст ояд ва фош гардад.
Дар натиҷаи як пажӯҳиши донишгоҳи Стенфорд маълум шудааст, ки чат-ботҳои зеҳни сунъӣ, ки барои машварати равонӣ истифода мешаванд, дар баъзе аз мавридҳо изҳоротҳои нодуруст ва ғайримасъулона медиҳанд, ки метавонад ба корбарон зарари ҷиддӣ расонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”