Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ӯзбекистон ба маркази бофандагии Осиёи Марказӣ табдил меёбад
Дар шаҳри Нурафшон, наздики шаҳри Тошканди Ӯзбекистон корхонаи муосири бофандагии “Elittex” ифтитоҳ гардид, ки ин иқдом ба марҳилаи нави рушди имкониятҳои саноатии кишвари Ӯзбекистон замина мегузорад.
Дар ин бора мақомоти шаҳри Тошканд хабар дода, афзудааст, ки барои фаъол кардани корхона 11 миллион сармоягузорӣ анҷом дода шудааст. Ин иқдом аз нияти ҷиддӣ барои густариши мавқеъ дар бахши бофандагӣ ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ дарак медиҳад.
Интихоби Нурафшон ба ҳайси макони иншооти истеҳсолӣ тасодуфӣ нест. Ин шаҳр мақоми тобеияти вилоятӣ гирифта, маркази маъмурии вилояти Тошканд шудааст ва беш аз 51 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.
Мавқеи стратегӣ дар наздикии пойтахт барои таъминоти ашёи хом ва интиқоли маҳсулоти тайёр ба бозорҳои дохилӣ ва содиротӣ шароити мусоиди логистикӣ фароҳам меорад.
Корхонаи нав бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, ба истеҳсол ва рангубори матоъ ва маҳсулоти мухталифи бофандагӣ ихтисос дорад. Иқтидори истеҳсоли корхона барои тавлиди то 450 ҳазор тонна маҳсулоти бофандагӣ дар як сол пешбинӣ шудааст, ки онро ба яке аз бузургтарин корхонаҳои ин соҳа дар минтақа табдил медиҳад.
Пешбинӣ мешавад, ки самтҳои асосии содирот кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳанд буд, ки дар онҳо маҳсулоти бофандагии Ӯзбекистон ба далели таносуби беҳтарини нарх ва сифат талаботи зиёд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”