Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар СММ қатъномаи таърихии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ қабул карда шуд
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 25-уми июл қатъномаи таърихиро таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам кардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Ин қатънома, ки нақши технологияи зеҳни сунъиро дар рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид мекунад, қадами нав ва муҳим дар заминаи ҳамкории кишварҳо бо истифодаи абзорҳои рақамӣ арзёбӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз сӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми сентябри соли 2024 дар ҷараёни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа гардида буд.
Сарвари кишвар дар суханронӣ ба зарурати истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ҳалли мушкилоти иқлим, беҳтарсозии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ таъкид намуда буданд.
Қатъномаи қабулшуда ба ҳайси санади сиёсии сатҳи байналмилалӣ, кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳидро ташвиқ мекунад, ки дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, тақвияти иқтидори инсонӣ, мубодилаи дониш ва истифодаи зеҳни сунъӣ бо назардошти арзишҳои инсонӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намоянд.
Ин қатънома, бахусус, ба кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ имкони бештар медиҳад, ки дар раванди ҷаҳонии рақамикунонӣ нақши фаъол дошта бошанд ва технологияи муосирро ба манфиати рушди фарогир истифода баранд.
Ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби бисёре аз кишварҳои узв, коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ ба ҳайси иқдоми пешқадам ва дурбинона арзёбӣ гардид. Нозирони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки чунин қатъномаҳо метавонад ба танзими истифодаи зеҳни сунъӣ дар доираи қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон мусоидат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”