Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Маъмурони турк Рамазон Қодировро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Рамазон Қодиров, Президенти Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия дар вақти истроҳат дар Туркия аз ғарқшавӣ наҷот ёфтааст.
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки Рамазон Қодиров дар ҷараёни истироҳат дар минтақаи Бодрум дар як меҳмонхонаи панҷситора дар маҳаллаи Кайнор ба об медарояд, аммо баъд аз ворид шудан ба об ҳуши худро аз даст медиҳад ва ба қаъри об фурӯ меравад.
Маъмурони Гвардияи соҳилии Туркия ва кормандони меҳмонхона бо дарёфти ин ҳолат фавран мудохила мекунанд ва Рамазон Қодировро аз ғарқшавӣ наҷот медиҳанд. Вазъияти саломатии ӯ баъди интиқол ба бемористон муътадил арзёбӣ мегардад.
Бар асоси гузориши баъзе расонаҳои чеченӣ вазъияти саломатии Рамазон Қодиров хуб нест ва ӯ аз як бемории табобатнашаванда ранҷ мебарад. Иттилооте нашр шуд, ки Рамазон Қодиров писари худро барои ҷонишин шудан ба мақоми президентии Чеченистон омода мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”