Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навро ба вазифаҳои калидӣ таъйин намуданд
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор ниҳод ва муассисаҳои давлатӣ тағйирот анҷом дода, кадрҳои ҷавон ва корозмударо ба вазифаҳои нав таъйин намуданд.
Бар асоси иттилоъ, ба вазифаҳои муовинони аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазири адлия, вазири кишоварзӣ, ҳамчунин, роҳбарияти Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Муассисаи “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” шахсони ҷавону кордон таъйин карданд. Дар чорчӯби ин тағйирот, сардори нави Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” ва муовини сардори Саридораи бойгонии давлатӣ муайян шуданд.
Сарвари кишвар дар ҷараёни муаррифии кадрҳои нав таъкид карданд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд бо руҳияи содиқона, масъулиятшиносӣ ва бо истифода аз имкониятҳои илму техника, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, дар самтҳои ҳассос, ба монанди тандурустӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ фаъол бошанд.
Роҳбари давлат дастур доданд, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад, аз ҷумла бо омӯзиши фанновариҳои нав, забонҳои хориҷӣ ва зиёд намудани ҷаҳонбинии онҳо.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”