27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
24.07.2025 13:00

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Муғулистонро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт

Шоми 23-уми июл Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки рӯзи 24-уми июл маросими бошукуҳи истиқболи Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар майдони Қасри миллат доир гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух самимона иқтиқбол карда, ӯро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Тибқи иттилоъ, маросими иқтиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайати расмии ду ҷониб, ҳамчунин, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду кишвар сурат гирифт.

Ба ифтихори ташриф овардани Президенти Муғулистон аз тупхонаҳо 21 маротиба тир шиллик карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон то рӯзи 26-уми июл идома меёбад. Дар ин сафар бо ширкати роҳбарони ду кишвар чорабиниҳои муҳимми сиёсиву тиҷоратӣ, аз ҷумла баргузор шудани аввалин форуми иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангии Муғулистон дар назар дошта шудааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.