Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Илҳом Алиев ба украинҳо маслиҳат дод, ки ба “ишғоли кишварашон” созиш накунанд
Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон дар форуми расонаҳо дар шаҳри Шуша бо муроҷиат ба Украина ва мардуми он даъват кард, ки “ҳич гоҳ бо ишғол созиш накунанд”. Ӯ ин изҳоротро дар посух ба суоли рӯзноманигоре баён намуд, ки аз Илҳом Алиев пурсид, ба ҳайси сардори кишваре, ки баъд аз 30 соли мубориза тамомияти арзии худро барқарор кард, чӣ маслиҳат ба мардуми Украина дода метавонад.
“Чанд сол қабл, ман ба чунин суоли намояндаи Украина посух дода будам. Ҳамон вақт чизе гуфтам, ки ҳоло низ мегӯям. Ва, ман, мутмаинам, ки посухам ба ормонҳои мардуми Украина мувофиқ аст. Ҳич гоҳ ба ишғол розӣ нашавед. Ин маслиҳати асосӣ аст. Мо маҳз ҳамин роҳро пеш гирифтем”- таъкид кард Илҳом Алиев.
Ӯ вазъияти Қарабоғро бо Украина муқоиса карда гуфт, ҳарчанд қатъномаҳои Шурои амнияти СММ иҷро намешуданд, Озарбойҷон тавонист мустақилона назорати минтақаро барқарор намояд.
Илҳом Алиев ёдовар шуд, ки дар оғози муноқиша кишвараш дар вазъи бади иқтисодӣ қарор дошт, гурезаҳои зиёд дошт ва аз ҳимояти байналмилалӣ маҳрум буд.
“Оҳиста-оҳиста мо ба пой хестем ва фақат як чиз дар сар доштем. Бовар дорам, ки аксари шаҳрвандони мо бо ман ҳамназар хоҳанд буд: ҳама дар бораи бозпас гирифтани қаламравҳои ишғолшуда фикр мекарданд. Мо медонем, ки ин роҳи осон нест”- гуфт Илҳом Алиев.
Президенти Озарбойҷон афзуд, ки бо вуҷуди талошҳои дипломатӣ гурӯҳи Минскии САҲА амалан Арманистонро ҳимоят мекард ва кӯшиш дошт, ки вазъияти мавҷударо нигоҳ дорад. Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 Озарбойҷон тасмими мустақилона гирифт ва ба ин раванд хотима бахшид.
"Ҳама далелҳои мо дар бораи ҳуқуқи байналмилалӣ ва чор қатъномаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки хуруҷи неруҳои арманиро талаб мекарданд, бо девори такаббури “бо воқеиятҳо созиш” кунед, рӯ ба рӯ мешуданд. Мо тасмим гирифтем, ки воқеиятҳои навро эҷод кунем ва ҳамин тавр ҳам кардем. Сентябри соли 2023 мо амалиёт гузаронидем ва масъаларо дар як рӯз ҳал кардем”- афзуд президенти Озарбойҷон.
Дар хотимаи посухаш Илҳом Алиев боз таъкид намуд: “Ҳич гоҳ таслим нашавед ва поймол шудани тамомияти арзии худро напазиред. Ваҳдати ҷомеа ба ман ба ҳайси президент ва сарфармондеҳи олӣ қавват дод. Ман ба ҳимояти мардум бовар доштам ва эҳтимолан, ҳамин омил ҳалкунанда буд. Бинобар ин, такрор мекунам: ҳиҷ гоҳ таслим нашавед”.
Президенти Озарбойҷон доир ба ҷузъиёти даъвои байналмилалии Озарбойҷон бар зидди Русия, дар робита ба суқути ҳавопаймои ширкати AZAL гуфт: “Мо ҳама чизро медонем, ки чӣ рӯй дод ва метавонем онро исбот кунем. Мақомоти Русия низ аз он воқиф мебошанд. Суол ин аст: пас чаро онҳо коре накарданд, ки ҳамчун кишвари ҳамсоя мебоист анҷом медоданд? Ман чунин мавқеъгириро мухолифи робитаҳои созанда меҳисобам. Мо ин қазияро нодида мегирем. Русия огоҳ шудааст, ки мо омодаем ба суди байналмилалӣ муроҷиат кунем”- гуфт Илҳом Алиев.
“Ҳамаи пайкари ҳавопаймо пур аз сӯрох аст. Ду мусофир аз пораҳо захмӣ шудаанд. Аз ин рӯ, фарзияи бархӯрд бо бесарнишини украинӣ хандаовар менамояд. Ҳавопайморо ду бор ҳадаф қарор доданд. Худ тасаввур кунед: бесарнишини украинӣ аввал ҳавопаймои озариро пайдо карда, онро мезанад, баъдан боз бармегардад ва бори дигар ҳамлавар мешавад. Ин монанди афсона барои кӯдакон аст”- гуфт Илҳом Алиев.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”