Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии кадрҳои нав: “Манфиати мардум бояд дар ҷои аввал бошад”
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-уми июл бо кадрҳои навтаъйини сохторҳои низомӣ ва қудратӣ мулоқоти хоса анҷом доданд.
Ҳадафи мулоқот додани супоришу ҳидоятҳо ба масъулоне буд, ки дар мансабҳои калидӣ дар ниҳодҳои давлатӣ таъйин шудаанд.
Бар асоси иттилои расмӣ бо фармон ва қарорҳои нави Президент ба вазифаҳои роҳбарии ниҳодҳои муҳимми кишвар, аз ҷумла Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар сохторҳои низомӣ, афроди соҳибкасб ва ҷавону таҷрибадор таъйин шуданд.
Дар раванди мувофиқа бо Президент, ҳамчунин, яксилсила таъинот дар сатҳи фармондеҳии қисмҳои низомӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, Агентии мубориза бо коррупсия ва ниҳодҳои амниятӣ амалӣ гардид. Ин таъинот шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ёвонро низ фаро гирифтаанд.
Сарвари кишвар дар мулоқот бо кадрҳои тозатаъйин таъкид карданд, ки хидмат ба мардум ва ба давлат бояд бо садоқат, масъулият ва касбият сурат гирад. Сарвари давлат зикр карданд, ки “манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон бояд дар сархати кор қарор дошта бошанд” ва афзуданд, ки муборизаи муассир бо фасод, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир аз аҳамияти аввалиндараҷа бархӯрдор аст.
Президенти кишвар, ҳамчунин, зарурати тарбияи кадрҳои ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани омодагии дифоии сохторҳоро таъкид намуданд.
Таъиноти нав дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистон пайваста аз ислоҳоти низомҳои қудратӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон дар ниҳодҳои амниятӣ ва адлия суҳбат мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”