Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Куштори гуруснагон. Исроил дар сукут ва фаромӯшии ҷаҳонӣ аз поксозии нажодӣ лаззат мебарад
Журналистони Ғазза бо садои ларзон аз андуҳу хашм аз чодарҳои торик ҷаҳонро ба кумак фаро мехонанд, аммо ҷаҳоне, ки гӯӣ аз инсоният холӣ шуда, ҳамчунон дар баробари яке аз бесобиқатарин фоҷеаҳои таърихи мусоир сукут пеша кардааст.
Ҳалқаи муҳосираи Ғазза рӯз ба рӯз тангтар мешавад. Ранҷи зистан ба марзи ғайриқобили таҳаммуле расида ва вазъияти зиндагӣ ба лутфи сукути маргбори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муддаиёни дурӯғини ҳуқуқи башар, ҳар лаҳза буҳронитар мешавад. Ин ҷо, ҷанги низомӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ дар ҷараён аст, то мардуми бепаноҳро фарсуда ва воқеияти ҷадидро ба зӯр бар замин таҳмил кунад.
Аз соли 2007 режими Исроил бо ҳисори хафақоновар (тоқатфарсо) Ғазза – пурҷамъияттарин зиндони ҷаҳонро дар мушти ситами худ фишурда аст. Сиёсати барномарезишудаи ишғолгарон “гуруснагару оваракун” аст. Ҳамроҳ бо ҳамлаҳои низомии беамон, ки кушторҳои бесобиқа дар таърихи башариятро рақам задааст.
Поксозии нажодӣ бо кӯчи иҷборӣ ва куштор. Тағйири ҷуғрофиёи инсонӣ бо зӯр
Исроил қасдан ва ошкоро дар муқобили чашми ҷаҳониён ва ғайринизомиён минтақаҳои маскуниро ҳадаф қарор мегирад, то онҳоро комилан маҳв кунад. Режими ишғолгар бо ҳамлаҳои ваҳшиёна, нобудии маҳаллаҳои маскунӣ ва ҳазфи хонаводагии ҷамъият тақрибан 1,9 нафарро водор ба оворагии дохилӣ кардааст. Ҳаракате, ки бисёре онро бузургтарин мавҷи кӯчи иҷборӣ пас аз фоҷеаи Нақба дар соли 1949 медонанд.
Тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид дасти кам 70 фоизи зерсохтҳои маскунӣ дар Ғазза, ба таври комил нобуд ё ғайриқобили истифода шудаанд. Хонаводаҳои бехонумон қодир ба бозгашт нестанд, чаро ки хонаҳояшон ё бо хок яксон шуда ё дар минтақаҳои мамнуъ қарор доранд.
Шиканҷаи системавӣ ва марги тадриҷӣ
Режими Исроил бо лаззат аз муҷозоте, ки бар мардуми бегуноҳ таҳмил мекунад, аз ҳамаи абзорҳои озори равонӣ ва физикӣ баҳра мебарад. Аз қаҳтии ҳисобшуда ва қатъи барқу об, то бомбаборони идомадор, хароб кардани инфрасохтори тандурустӣ, нобудии истгоҳи обу фозилоб ва густариши бемориҳову эпидемия, тавре ки ҳич нуқтае аз зиндагии мардуми Ғазза аз ин шиканҷаи бераҳамона дар амон намондааст.
Исроил дар пайи холӣ кардани Ғазза аз фаластиниҳо
Мақомоти Исроил ошкоро аз ҳадафи худ барои холӣ кардани Ғазза сухан мегӯяд. Ин вожа на истиора аст ва на таҳдид, балки лоиҳаи иҷроӣ барои поксозии нажодӣ бо абзорҳое, монанди гуруснагии ҳадафманд аст, ки ба воситаи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ба ҳайси ҷазои ҷамъӣ таъриф шудааст.
Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълон кард, ки ҳатто кадри дармон ва беморон қодир ба дарёфти як ваъда ғизое дар рӯз нестанд ва ин амр товони онҳоро барои идомаи фаъолият ва наҷоти ҷони онҳо ба шиддат таҳдид мекунад. Марги вобаста аз гуруснагӣ эҳтимол нест, балки як воқеияти талхи рӯзона дар навори Ғазза аст.
Журналистон дар навори Ғазза худ акнун бахши зиндае аз фоҷеа ҳастанд. Онҳо дар гузоришҳои зинда мегӯянд: вазъият ба ҳадде вахим аст, ки гиря кардан, ҳатто дар пахши зинда амри табиӣ шудааст. Мардум барои пайдо кардани луқмаи нон рӯзҳо дар хиёбонҳо саргардон мебошанд.
Муҳаммад Абусаид, журналисти фаластинӣ бо сабаби гуруснагии шадид ба бемористони Шифо интиқол дода шуд. Ҳамкори дигараш Ноҳаз Ҳаҷоҷ навиштааст: “Мо ҳама дорем, мемирем”. Ӯ дар посте дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт: “Агар дигар натавонем хабар таҳия кунем, тааҷҷуб накунед. Имрӯз натавонистам аз ҷоям баланд шавам. Ғизое вуҷуд надорад, ҳатто агар пул дошта бошӣ, чизе барои харидан дар бозор нест”.
Анас Шариф, журналисти Ал-Ҷазира низ дар инстаграми худ навишт: “Ба Худо қасам, аз субҳ ба ҳамроҳи ҳамкорон бозорҳоро гаштем, то чизе барои рафъ кардан пайдо кунем. На орд, на консерва, на сабзиҷот. Ҳич чиз! Ҳатто колоҳои гаронқиммат ҳам нопадид шудаанд. Ғазза аз гуруснагӣ дар ҳоли марг аст.
Фарёдҳои охирин аз зери чодарҳои гуруснагӣ
Журналистони Ғазза аз ҳама мардуми озоди ҷаҳон мехоҳанд, қабл аз он ки Ғазза аз гуруснагӣ бимирад, дар бораи он бинависанд. Инҳо фақат шиор ё иғроқ нестанд. Воқеиятҳо аст, ки бо хун, ашк ва устухони кӯдаки фаластинӣ нивишта мешавад. Навзодоне, ки аз беширӣ мемиранд, мардоне, ки бо оби қаанд кӯдаконашонро ором мекунанд, падароне, ки нотавон аз таҳияи луқмаи нон, сар ба девор мекӯбанд.
Дар бемористонҳое, ки чароғҳояшон ба далели тамом шудани сӯхт хомӯш шуда, рӯзноманигороне бо меъдаи холӣ ва ларза дар андом, ҳамчунон дурбин ба даст фараёд мезананд. Мо ҳанӯз зиндаем! Вале дигар қувват надорем.
Ҳар лаҳзаи сукут тире ба синаи ҳақиқат аст
Дар поён бояд гуфт: гуруснагӣ, беморӣ ва кӯчи иҷборӣ дар Ғазза натиҷаҳои ҷолиби ҷанг нест, балки абзорҳои дақиқ барои поксозии нажодӣ аст.
Ҷаҳони озод бояд масъулияти таърихӣ ва ахлоқии худро пазирад ва муҳосираи Ғаззаро фавран поён диҳад. Масирҳои эмин барои ирсоли кумакҳои инсонӣ боз кунад, режими Исроилро ба хотири ҷинояти ҷангӣ бозхост ва шароити бозгашти оворагон ва бозсозии таҳти назорати байналмилалиро фароҳам кунад.
Журналистони аҳли Ғазза мегӯянд: бо қаламҳои ларзон, дар дили торикӣ, бо шикамҳои холӣ фарёд мезанем. Иҷоза надиҳед Ғазза ба “қаҳтии фаромӯшшуда” табдил шавад. Ҳар калимае, ки имрӯз менависед, шояд ҳукми ҳамон нонеро дошта бошад, ки руҳи муқовиматро зинда нигаҳ медорад ва ҳар сукуте шояд кӯбидани охирин мех бар тобути инсоният бошад.
Манбаъ: ИРНА
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”