Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сафири нави Чин нусхаи эътимодномаро ба мақомоти Тоҷикистон супорид
Дар як маросими расмӣ дар шаҳри Душанбе сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун нусхаи эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух супорид.
Доир шудани маросими тақдими насхаи эътимоднома оғози расмии иҷрои вазифаҳои дипломатии сафири Чин дар Тоҷикистон аст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Шарифзода Фаррух зимни мулоқот бо сафири нав оғози кори дипломатиаш дар шаҳри Душанберо табрик намуда, ба ӯ барои муваффақият дар рушди робитаҳои дуҷониба ва таҳкими ҳамкориҳои стратегии миёни ду кишвар таманниёти нек намуд.
Го Жиҷун, ки дар заминаи муносибатҳои Пекин ва Душанбе давраи ҳассосу муҳимро оғоз мекунад, ивазкунандаи як марҳилаи нави робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир, ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар бахшҳои муҳимми энергетика, зерсохтор ва тиҷорат ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтааст.
Бар асоси анъанаи дипломатӣ, супоридани нусхаи эътимоднома яке аз марҳилаҳои нахустини оғози фаъолияти расмии як сафир дар кишвари мизбон ба ҳисоб меравад. Ин иқдом имкони оғоз кардани мулоқотҳо бо мақомоти баландпоя ва ҳамоҳангсозии фаъолияти дипломатӣ дар сатҳҳои гуногунро фароҳам месозад.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки таъйини Го Жиҷун ба ҳайси сафир дар марҳилае сурат мегирад, ки Душанбе ва Пекин барои амиқ сохтани робитаҳои стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои амниятӣ дар доираи ташаббусҳои минтақавӣ, аз ҷумла “Як камарбанд, як роҳ” талош доранд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар мулоқоти имрӯза дурнамо ва самтҳои навбатии ҳамкориҳои дуҷониба низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”