27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
20.07.2025 16:10

СААД бори дигар ба тақвияти амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кард

Валерий Семериков, муовини Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бори дигар ба зарурати таҳкими амният дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон таъкид намуд.

Ӯ рӯзи панҷшанбе, 17-уми июл дар як конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Мубориза бо терроризми байналмилалӣ”, ки дар Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Русия доир шуд, суханронӣ намуд.

Валерий Семериков дар суханронии худ афзуд, ки барои муқовимат бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароии динӣ тадбирҳои ҷиддӣ роҳандозӣ шудаанд ва дар ин самт ҳамкории бештари ҷомеаи байналмилал зарур мебошад. Ба гуфтаи ӯ, таҳкими амнияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки феълан таҳти назорати режими Толибон қарор дорад, ба ҳайси як ҳадафи муҳимми СААД ва Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ мешавад.

Таъкидҳои муовини роҳбари СААД дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар чанд соли ахир пайваста аз таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби Афғонистон, бахусус бо ҳузури гурӯҳҳои тундгаро ва қочоқбар дар минтақаҳои марзӣ изҳори нигаронӣ мекунад. Таҳлилгарон дар ин нишаст гуфтаанд, бо таваҷҷуҳ ба фаъол гардидани гурӯҳҳои шубҳанок дар марзи ҷанубии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати амниятӣ ва назорати муштарак ба марзҳо, бахусус миёни Тоҷикистону Афғонистон бештар аз ҳар вақти дигар аҳамият пайдо кардааст.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.