27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
19.07.2025 17:57

Таҳқиқот фош кард. Доруи дарди миён бо номи Габапентин боиси ноқисии ақл мешавад

Пажӯҳиши нави илмӣ нишон медиҳад, ки истифодаи доимии доруи габапентин метавонад боиси ноқисии ақл шавад. Ин таҳқиқоти нав дар маҷаллаи байналмилалии "Regional Anesthesia & Pain Medicine" нашр шудааст ва дар он нишон дода мешавад, доруи Габапентин, ки барои муолиҷаи дарди музмини миён истифода мешавад, метавонад боиси ноқисии ақл гардад.

Олимон натиҷаи парвандаҳои тиббии беш аз 52 ҳазор беморро таҳлил кардаанд. Аз миёни онҳо, касоне, ки шаш маротиба ё бештар дорухати габапентин гирифтаанд, дар давоми даҳ сол 29 фоиз бештар ба ноқисии ақл (деменсия) ва 85 фоиз бештар ба ихтилоли сабуки шиносоӣ гирифтор шудаанд. Хатар барои гурӯҳҳои синнӣ, ки қаблан дар маърази чунин бемориҳо қарор надоштанд, нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Аз ҷумла дар миёни шахсони аз 35 то 49 сола, эҳтимоли гирифторӣ ба деменсия дучанд ва ба ихтилоли зеҳн се баробар зиёд будааст.

“Мо вобастагии рӯшанро мушоҳида кардем. Чӣ қадаре, ки дози габапентин бештар таъйин мешуд, ҳамон андоза хавфҳои шинохтии зеҳнӣ бештар мешуданд”- зикр шудааст дар таҳқиқоти олимон. Таҳқиқот, ки бо истифода аз шабакаи TriNetX (аз 60 муассисаи тиббии ИМА) анҷом шудааст, хусусияти мушоҳидавӣ дошта, сабаби мустақими таъсири габапентин ба хотираро тасдиқ намекунад, вале тамоюлҳо, ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот “ҷиддӣ ва нигаронкунанда” аст. Габапентин ибтидо барои табобати бемории эпилепсия ихтироъ шуда буд, аммо солҳои охир онро ба ҳайси ивазкунандаи мулоимтари опоидҳо дар табобати дарди музмин, фибромиалгия ва ҳатто ихтилоли изтироб истифода мебаранд.

Олимон мегӯянд, ки таъсири он ба каналҳои калсийи нейронҳо метавонад дар дарозмуддат кори майнаро зери хатар гузорад, хусусан дар шахсони синни миёна, ки солҳои тӯлонӣ онро истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин, муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки ин натиҷаҳо бояд боиси тарки комили терапеияи габапентин нашаванд, аммо зарурати бознигарии равишҳои табобат, аз ҷумла назорати доимии қобилиятҳои зеҳниро тақозо менамояд.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.