Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд
Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл бо Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ, вазири иқтисод ва сайёҳии Аморати Муттаҳидаи Араб мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот, ки дар доираи густариши робитаҳои дуҷониба доир шуд, ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилоъ, ҳаҷми муомилоти тиҷоратии дуҷониба дар нимсолаи аввали соли 2025 беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ ва фаъолсозии робитаҳо дар бахшҳои саноат, энергетикаи сабз, кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ ва логистика изҳор доштанд.
Завқизода Завқӣ ширкатҳои аморатиро барои иштироки фаъол дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон даъват кард. Ӯ аз ҷумла, самтҳои муҳимме чун табдили рақамӣ, саноати коркард, истихроҷи маъдан, инфрасохтор ва туризмро зикр кард. Дар ҷараёни мулоқот ба лоиҳаи муҳимми Неругоҳи барқи обии Роғун ишора шуд, ки дар он Фонди рушди Абу-Дабӣ ширкат дошт. Вазири тоҷик изҳори умедворӣ кард, ки созишҳо зуд ба анҷом мерасанд ва созишномаи сармоягузорӣ ба имзо мерасад.
Дар навбати худ Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ омодагии кишварашро барои баррасии Тоҷикистон ба ҳайси шарики боэътимод бо иқтидори баланд изҳор дошт ва ваъда дод, ки барои ҷалби сармояи аморатӣ ба бахшҳои афзалиятнок мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари ҳайати Аморати Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 17-уми июл дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо ширкати доираҳои тиҷоратии ду кишвар доир мегардад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”