Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай ширкат намуд
Рӯзҳои 14-15-уми июли соли 2025 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, иштирок намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои аъзо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ояндаи Шурои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тирамоҳи соли равон дар назар аст, мавриди баррасии амиқ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар робита ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар шароити нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ мавқеи Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай изҳор дошта, таваҷҷуҳро ба таъмини амнияту субот, рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа ва пешбурди амалӣ доир ба такмили фаъолияти созмон равона сохт.
Дар фарҷоми ҷаласа лоиҳаҳои Эъломияи Тянҷин аз номи Шурои сарони кишварҳо Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2035 ва дигар қарорҳою изҳоротҳои муштарак ҳамчун асос барои баррасии минбаъда қабул гардиданд.
Дар доираи ҷаласаи мазкур роҳбарони сохторҳои корҳои хориҷӣ бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин низ мулоқот анҷом доданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”