27 Сентябр 2026,
якшанбе, 18:58, Душанбе
13.07.2025 08:59

И. Усмонов: “Ҳамкорӣ бо Русия агар аз ҳарду тараф софдилона иҷро шавад, ба ҳарду тараф ҳам фоида меорад”

Дар шаҳри Маскав бо ташаббуси мақомоти масъули идеологии Федератсияи Русия, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия, Вазорати корҳои хориҷӣ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ, аз ҷумла Донишгоҳи иқтисод ва сиёсати хориҷии ба номи Е.М. Примаков, Форуми байналмилалии илмӣ-коршиносии “Хонишҳои Примаков” баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии он, ки рӯзи 23-уми июн баргузор гардид, Юрий Ушаков, ёрдамчии Президенти Федератсияи Русия, муовини Думаи давлатӣ ва Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия иштирок ва суханронӣ намуданд. Рӯзи дуюми чорабинӣ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ кард.

Дар “Хонишҳои Примаков” асосан таҳлилгарон ва муҳаққиқони соҳаи сиёсати дохиливу хориҷӣ аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ, пасошӯравӣ, намояндагони кишварҳои Индонезия, Ҳиндустон ва сиёсатшиносони амрикоӣ иштирок доштанд. Аз кишвари Тоҷикистон донишманди тоҷик, собиқ мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Иброҳим Усмонов дар он иштирок намуданд, ки Dialog.tj атрофи баргузории он, бардоштҳо ва масъалаҳои баррасии он суҳбат намуд.

- Форуми байналмилалии илмӣ-коршиносии “Хонишҳои Примаков”-ро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед - дар он кадом мавзуъҳои муҳим баррасӣ шуданд ва дар маҷмуъ аз он чӣ бардоштҳо гирифтед?

- Маҳфили илмии “Примаков” ё “примаковхонӣ ё “ёди Примаков”, яъне ба ҳар шакле, ки онро ёдоварӣ кунанд, ин пеш аз ҳама дар бораи вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ, ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ, ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи ҷангу сулҳ сухангӯӣ кардан аст. Аз он ки маҳфил чунин доманаи васеъро фарогир буд, ҷои тааҷҷуб нест, зеро маърӯзаҳо ба мавзуъҳои доғи рӯз бахшида шуда буд.  Тибқи нақша панҷ сексия дар назар дошта шуда буд ва мувофиқи хоҳиши иштирокчиён як сексияи дигар, ки дар он масъалаи воқеаи Эрон ва Исроил махсусан мавриди гуфтугӯ қарор гирифт, илова карда шуд. Аксарияти онҳое, ки дар ин бахши “Хонишҳои Примаков” иштирок доштанд, сухан гуфтанду савол доданд ё баҳс карданд ва дар шакли умум аз мавқеи Эрон пуштибонӣ ҳам карданд. Яъне таъкид шуд, ки дахолат кардан дар кори як мамлакат аз ҷониби кишвари дигар, дунёро дар осоиш нигаҳ намедорад ва бинобар ин, пеши роҳи чунин ҳолатҳоро гирифтан лозим аст ва имконият додан лозим нест, ки чунин воқеаҳо ба амал оянд ва қувваҳоро барои пешгирӣ аз чунин воқеаҳо муттаҳид кардан зарур аст. Албатта, дар ҷараёни чунин суҳбатҳои илмӣ-сиёсӣ дар масъалаи воқеаҳои Украина ҳам мавриди назар буданд. Дар мавриди воқеаҳои Украина ақидаи умум он буд, ки ҳарчӣ зудтар ба як натиҷаи мусбат оварда расонидан ба манфиати тамоми дунё аст, зеро давом кардани моҷаро, ҷанг ва талош на фақат ба ду давлат тааллуқ дорад, балки тақрибан аксарияти кишварҳои дунёро ба худ кашида ва робитаи байниҳамдигарии мамлакатҳоро вайрон кардааст. Танҳо дар ҳолате ин робитаҳо барқарор шуда метавонад, ки ин талошу ҷанг ва нофаҳмиҳо ё худфаҳмиҳо ба манфиати халқ ба анҷом расад.

Як бахши Форум, махсусан ба вазъияти сиёсии минтақаи мо – Осиёи Миёна бахшида шуда буд, зеро дар фаҳмиши ин мафҳум вазъи сиёсии Осиёи Миёна аз вазъи Афғонистон ва ҳам Эрону Покистон вобастагии зиёд дорад.

Албатта дар атрофи масъалаҳои хатари Афғонистон ба мардуми кишварҳои Осиёи Миёна, ҳолати имрӯза, муносибат ба қувваҳое, ки имрӯз дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, нуқтаи назарҳои гуногун гуфта шуданд. Намояндагони ҳар кишвари иштирокчии маҳфил дар бораи муносибати  байниҳамдигарии ҷумҳуриҳо, беҳтар кардани равобити ин ҷумҳуриҳо, ба вуҷуд овардани муҳите, ки дӯстона зиндагӣ кунанд, сухан гуфтанд.

Дар умум ман гумон мекунам, ки чунин маҳфилҳои илмии хусусияти сиёсидошта ҳар қадар зиёдтар ва самимитар гузаранд, ҳамон қадар ҳамдигаршиносӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамон қадар дастгирӣ кардани халқҳо осонтар ва беҳтар хоҳад шуд.

-Аз нуқтаи назари сиёсатмадорони рус, ки дар ин чорабинӣ иштирок карданд, “Хонишҳои Примаков” барои расонидани диди Русия нисбати сиёсати ҷаҳонӣ имкон фароҳам меорад. Шумо ҳангоми иштирок ва баррасии мавзуъҳо аз намояндагони Русия оиди сиёсати хориҷии ин кишвар барои ояндаи наздики дунё, махсусан нисбати сиёсате, ки ба кишварҳои Осиё, аз ҷумла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст, чӣ фаҳмидед?    

- Ман дар ин замина ба он ақидаҳо бештар таваҷҷуҳ кардам, ки дар он сухангӯйҳо - шахсиятҳо ва олимҳои сиёсӣ  аз кишварҳои дунё ва аз ҷумла аз минтақаи мо дӯстиву ҳамкории ҳақиқиро суроғ карданд.

Ҳамеша масъалаи он ки, кӣ дар паҳлӯи Русия аст, барои сарнавишти ин давлат аҳамияти фавқулода дошт. Замоне буд, ки Русия ба Аврупо майл дошт, замоне буд, ки Русия ба Осиё майл кард, замоне буд, ки Русия дар сафи худ ба мамлакатҳои (тавре, ки ҳозир мегӯянд)  Ҷануби бузург - Африқо, Америкаи Лотинӣ, ҳамчунин, ба мамлакатҳои Араб такя дошт ва на фақат ин маҳфил, балки он воқеаҳое, ки дар соли 2024-2025 дар Русия ба амал омаданд, бори дигар нишон доданд, ки таваҷҷуҳи Русия ба мамлакатҳои минтақаи Шарқ, ба мамлакатҳои минтақаи Араб, ба мамлакатҳои минтақаи Ҷануб, яъне Африқо хеле қавӣ шуда истодааст. Дар ҷамъомадҳои ибтикороти Русия онҳо фаъолона иштирок карда истодаанд ва Русия ба ин таваҷҷуҳи зиёд ҳам карда истодааст. Баъзеҳо шояд гумон кунанд, ки ин аз ноилоҷии шароити ҳозираи Русия ба амал омадааст. Аслан ин гуна нест, аслан ин он ҳақиқатест, ки дар муносибати ин давлатҳо буд. Русия ҳамеша бо Аврупо ҳамкорӣ кардан ва ба он наздик шудан мехост. Ман то ҷое таърихро медонам, аврупоиҳо бисёр вақт аз ин чиз сарфи назар мекунанд. Барои онҳо Русия мисли Чин, Ҳиндустон, Тоҷикистон бегона менамояд. Онҳо фарҳанги худро ба фарҳанги Русия ҳамто намедонанд. Русия баръакс бо ҳар мамлакате, ки ҳамкорӣ кардан мехоҳад, фарҳанги ӯро қабул карда, писандида, дастгирӣ карда ва онро ба фарҳанги худ  ҳампоя меҳисобад. Ин чиз ба Русия имконияти бештар медиҳад, ки бо мардуми ин кишварҳо наздиктар шавад ва имкониятҳои худро дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ мустаҳкам кунад. Русияро хостанд, ки беиқтидор кунанд, яъне бо роҳбандӣ ва буҳронҳое, ки аврупоиҳо дар масъалаи иқтисодӣ ба амал оварданд, ҳадафи хароб кардани иқтисоди Русияро доштанд. Аммо онҳо ин корро карда натавонистанд. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки олимҳо як истилоҳро истифода мебаранд: “Аврупои ягона” ё “Аврупои муттаҳид”. Ман гумон мекунам, ки он ҳеч вақт ягона набуд ва ҳеч вақт муттаҳид ҳам набуд. Ҳатто як қисмати ғарбии Европа ҳам ба ҳамдигар муттаҳид набуд, муваққатан ё бо як шакле онҳо худашонро яклухт нишон додан мехостанд ва ин воқеаҳо нишон дод, ки дар байни онҳо воқеан ҳам парокандагӣ вуҷуд дорад.  Дар мамлакатҳои гуногуни аврупоӣ, ба монанди Венгрия, Славакия ва Югославия (ин мамлакатҳо роҳи нисбатан дигареро нисбат ба иттиҳодияҳои минтақавии  худ пеш гирифтанд) ҳақиқатро шинохтан мехоҳанд. Русия инро дарк мекунад ва бо назардошти ҳамин чиз амал менамояд. Ман гумон мекунам, роҳе, ки имрӯз Русия барои таъмини ягонагии халқи рус ва таъмини иттиҳоди мардуми гуногунзабони Русия пеш гирифтааст, албатта натиҷаи мусбат меоард.

- Аз он ҷое, ки гуфтед, дар ин нишаст намояндагони кишварҳои Чин ва Ҳиндустон ҳам баромад карданд. Пас, назари мутахассис ва олимони Чину Ҳидустон нисбати ояндаи Осиё чӣ гуна буд?         

- Мавқеи он олимҳое, ки дар ин маҳфил сухан гуфтанд, ба мавқеи олимон ва сиёсатмадорони Русия дар як самт аст. Онҳо ҳамкориҳои байниҳамдигариро яке аз омилҳои муайянкунандаи осоиши дунё меҳисобанд. Агар ба таври реалӣ ба гузашта ҳам назар кунем, ин се қувва ҳамеша қувваи муайянкунандаи ҳаракати дунё буд. Ҳиндустон ба сифати яке аз роҳбарҳои ҳаракаткунандагони ғайримунсариф, яъне мамлакатҳои ҳамроҳнашудаи бетараф буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Ин мавқеъ ба Ҳиндустон имконият медиҳад, ки дар бораи воқеаҳо фикрашро обективона баён намояд. Дар ҳамин маҳфил ҳам ду маърӯзаи олимони Ҳиндустон ба ҳамин поя баён шуд.

Чин дар шароити ҳозира ҳамон роҳеро, ки қаблан чун системаи сиёсӣ дошт, тағйир надодааст ва ҳамон роҳи сиёсиашро қатъӣ нигоҳ доштааст. Яъне дар ҳар қуҷо, ки аҳли меҳнат аст, Чин дар ҷои пеш қарор дорад. Дар Русия ҳам имрӯз такя ба аҳли меҳнат бештар аст нисбат ба сарватмандоне, ки дар давлат саҳмгузоранд. Ягонагии халқ ва рӯҳи халқ бештар зери таваҷҷуҳи ҳукумати Русия аст ва ба ҳамин хотир, ақидаҳои олимони Чин ҳам дар ин масъала ба ақидаи олимони рус мувофиқат мекунад.

- Гуфтед, ки яке аз бахшҳо ба Осиёи Марказӣ тааллуқ дошт ва олимону намояндагони давлатӣ аз Қазоқистону Ӯзбекистон дар он ширкат доштанд. Ба назари Шумо ояндаи Осиёи Марказӣ аз нуқтаи назари ҳам худи Шумо ва ҳам олимони ӯзбеку қазоқ чӣ гуна хоҳад буд?

- Дар маҳфил ду нафар - яке аз Маркази тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон ва як нафар аз Маркази тадқиқоти стратегии Қазоқистон ба таври расмӣ сухан гуфтанд. Дар сухангӯии онҳо дар паҳлӯи таъкиду зикри хусусияти хоси инкишофи ҷомеа ҳам истиқололият, ҳам худшиносӣ ва ҳам бедорӣ дар робита бо дӯстӣ бо  ҷумҳуриҳои ҳамсоя аз ҷумла бо Русия баррасӣ шуд. Аз Туркманистон ҳеч кас набуд ва мутаассифона аз олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ин дафъа касе иштирок накард.

Фикри шахсии ман дар бораи ояндаи минтақа ин аст ва ман ба дунё ин гуна нигоҳ кардан мехоҳам. Ҳастанд мамлакатҳое, ки мустамликаи Амрико буданд. Аммо баъди ба охир расидани мустамликадорӣ равуои онҳо бо Амрико канда нашуд ва ба баръакс мустаҳкамтар гардид. Ҳастанд мамлакатҳое, ки мустамликаи Англия буданд, баъди он ки истиқлолият ба даст оварданд ва мустақил шуданд, равуои онҳо бо ин кишвар кам нашуд. Ҳатто дар Англия ҳинду сарвазир ҳам шуд ва дар Амрико низ ҳинду даъвогарӣ мақоми президентӣ буд. Ҳастанд мамлакатҳое, ки баъди истиқлолият тобеият ва ҳамкории худро бо Фаронса ё кишварҳои дигар давом медиҳанд. Мардуми Осиёи Миёна тақрибан дар ду садсоли охир, яъне аз миёнаҳои асри XIX бо Русия ҳамкорӣ дорад, яъне заминаи инкишофи иқтисоди Осиёи Миёна ҳамчун қисми Русия ё ҳамчун тобеи Русия шуруъ гардид. Масалан, Туркистон ба воситаи Русия бедор шуд. Он чизе, ки дар Туркистон ба вуҷуд омад, заминаи русиягӣ ҳам дошт. Дар замони Шӯравӣ ин чиз боз ҳам мустаҳкамтар шуд. Агарчӣ мо истиқлолияти худро аз соли 1991 ба даст оварда, ҳамчун давлати мустақил шудем, вале халқи тоҷик ба номи худ дар замони Шӯравӣ давлат сохт. Аз ин пеш давлат доштем - давлати Сомониён, ки таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад, лекин бо тохтутозҳои аҷнабиҳо, масалан, арабҳо, муғулҳо, туркҳои дохилӣ, худи русҳо ин давлати мутақили мо аз миён рафта буд ва давлате бо номи худи халқ дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омад. Айнан ҳамин ҳолат дар Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон ва Ӯзбекистон ҳам ба вуҷуд омад. Гап ин аст, ки ҳамин пайванд пайванди асосӣ, омили асосии муайянкунандаи  муносибати миёни минтақа бо Русия ва давлатҳои дигар мешавад. Хоҳед нахоҳед ба ин халқ унс гирифтан дар тафаккури зиндагӣ боқӣ мемонад. Ман гумон мекунам, ки ҳамкорӣ бо Русия агар софдилона аз ҳар ду тараф иҷро шавад, ба ҳарду тараф ҳам фоида меорад. Чӣ гунае медонед, охири солҳои ҳаштодум бозсозии Гарбачев ба миён омад. Мутаассифона, ғарбнигарии як гурӯҳ арбобҳои сиёсии илмии Русия сабаби сард шудани муносибат дар Шарқ шуда буд ва ана ҳамон сабаб то имрӯз натиҷаи худро давом дода истодааст. Ин ҳолати гузаранда аст ва ҳамаи чиз ба ҷои худ бармегардад. Агар ҳозир нигоҳ кунем, вазъият кашиш дорад, вале хоҳу нохоҳ оқибати он бозгашт ба мавқеаи аввал, яъне дӯстӣ мешавад. Мо аз аввал ҳамроҳи Русия будем, лекин Эрон ва Афғонистон, ки ҳеч вақт дар таркиби Шӯравӣ ё  Русия набуданд, имрӯз муносибати худро бо Русия беҳтар кардан мехоҳанд. Яъне онҳо бо мамлакатҳои дигар ҳамкорӣ карда диданд, ки чӣ натиҷа медиҳад. Дар минтақаи мо ҳам бародарҳои ҳамсоякишварҳои мо бо дигар кишварҳо ҳамкорӣ карданд ва дар зарфи 30 сол натиҷаашро диданд ва баргаштанд ба марҳилаи аввал. Гумон мекунам, ба анҷом расидани он моҷарое, ки феълан дар Украина давом дорад, барои бозгашти пурраи ақидаҳо ва ақидаи дӯстӣ ва ҳамкории мамлакатҳо замина ба вуҷуд меорад. Сухан дар бораи як давлат сохтан ё муттаҳид будан не, сухан дар бораи он меравад, ки давлатҳо он наздикие, ки дар замони пештар пайдо шуда буд, онро дар шароити нав дар марҳилаи нав ба пояи нав барои бардоштанашон ба ҳамдигар кумак карданашон осонтар аст. Якдигарро мешиносанд ва ана ҳамин шинохти ҳамдигарӣ барои зиндагӣ ва ҳамкорӣ шароит ба вуҷуд меорад. Яъне, ман ба ояндаи ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо Русия боварӣ дорам. 

- “Хонишҳои Примаков”, ки имсол ёздаҳуми он буд, ба номи олим ва сиёсатмадори рус Евгений Примаков вобаста аст. Ӯ солҳо роҳбари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС буд ва ҳам муддате Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия ҳам буд. Примаковро бо Тоҷикистон чӣ мепайвандад?

- Примаков дар раванди сулҳи Тоҷикистон иштирок кардааст. Иштироки Примаков дар раванди сулҳи тоҷикон дар замоне буд, ки вай ба разветкаи хориҷии Русия роҳбарӣ мекард. Дар ҳамон замон, гумон мекунам охирҳои соли 1993 бо супориши Б. Елтсин ӯ ба Афғонистон ва Эрон сафар кард. Мақсади асосии Примаков дар ин сафар иборат аз он буд, ки имконияти роҳи гуфтушуниди сулҳи тоҷиконро пайдо кунад. Супориш дар ҳамин шакл зоҳир мешуд. Дар Афғонистон вай бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вохӯрд ва ӯро ҳамчун одами ба сулҳ моил шинохт. Барои он ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад, албатта таъсири Эрон лозим буд, яъне зарурати ризоияти Эрон пеш омад. Примаков аз Кобул ба Теҳрон рафт. Дар Теҳрон вай бо Алӣ Акбар Вилоятӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҷаноби Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот онҳо якдигарро бовар кунонданд, ки ягона роҳи осӯдагии мардуми Тоҷикистон ва ягона роҳи осӯдагии ин минтақа ин созиши байни Ҳукумати ҳамонрӯзаи Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик аст. Яъне ба ин ақида Вилоятӣ ва Рафсанҷонӣ дар суҳбат ба мувофиқа расиданд, ки ягона миёнарави асосӣ Русия бошад. Аз ин рӯ, ба натиҷа расиданд, мулоқоти сулҳ дар Русия баргузор гардад. Чаро? Зеро ҳам барои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам барои мухолифини Тоҷикистон Русия бегона набуд. Яъне ҳамаи онҳо дар Ҳукумат ҷой доштанд. Ҳамин чиз яке аз заминаҳои шуруъ шудани музокироти сулҳи Тоҷикистон шуд. Баъди бозгашти Примаков ба Маскав моҳи декабри соли 1993 изҳороти 3 нафар роҳбарони мухолифин дар бораи он ки онҳо барои музокироти сулҳ тайёранд, нашр шуда буд.

Аз тарафи дигар Примаков дар равандаи музокироти сулҳи мо  ба таври мустақим ҳам иштирок кард. Дар ду мулоқот яке дар моҳи декбари соли 1996, ки дар “Презедент-Ҳотел”-и Маскав доир гашт ва дар он Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари мухолифин  вохӯрданд ва ҳам дар инҷо ҳуҷҷате ба имзо расид, ки баъдан асоси Созишномаи сулҳи тоҷиконро ташкил кард. Яъне дар марҳилаи баимзорасии ин ҳуҷҷат Примаков ҳузур дошт ва ӯ дар такмили ин ҳуҷҷат андешаҳои худро гуфта буд. Баъдтар, дар моҳи марти соли 1997, ки протоколи низомӣ омода мешуд, дар ин мулоқот ҳам  Примаков  ҳузур дошт ва ба ҳамкоронаш ҳидоят дода буд, ки дар тайёр кардани ин ҳуҷҷат бо тарафҳо ҳамкорӣ кунанд. Вай бевосита дар марҳилаи сохтани ҳуҷҷати сулҳ ҳам иштирок дошт.

Шояд натиҷаи ҳамин мушоҳидаҳо ва суҳбатҳо буд, ки Примаков дар як навиштааш тахминан чунин таъкид кардааст: “Баъди барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қариб дар ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ ҷангҳо, талошҳои сиёсӣ ва моҷароҳо ба вуҷуд омаданд. Дар ҳамаи ин Русия кӯшиш кард, ки  оромиро ба вуҷуд биёрад, танҳо дар масъалаи Тоҷикистон Русия муваффақ шуд, ки воқеаҳо ба сулҳ анҷом биёбад”.

- Ташаккур барои суҳбат!  

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.