27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
09.07.2025 12:50

Хавфи Исроил аз мушакҳои Эрон. Эрон бузургтарин захираи мушакии ҷаҳонро месозад

Рӯзномаи амрикоии "Ҳилл" ("The Hill") дар таҳлиле ба тавони мушакии Эрон пардохта, навиштааст, ки Эрон аз марҳилаи сохтану озмоиши мушак ба марҳилаи истеҳсолоти саноатӣ расидааст.

Ин рӯзнома бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Исроил тасдиқ кард, ки Барномаи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз марҳилаи озмоиш ва рушди техникӣ гузашта, ба марҳилаи истеҳсоли саноатӣ ворид гардидааст. Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ Эрон ҳоло дар роҳи табдил шудан ба бузургтарин истеҳсолкунандаи мушак дар ҷаҳон қарор дорад.

Тибқи арзёбии ин рӯзнома “мушакҳои дурпарвози Эрон метавонад мавҷудияти Исроилро таҳдид кунад”. Ин рӯзнома афзудааст, ки Эрон дар ҳоли сохтани як захираи бузурги мушакҳои балластикӣ аст, ки тавоноии вайронгарии он метавонад бо бомбаи атомӣ баробар ё ҳатто бештар бошад.

Бо вуҷуди ҳамлаи ҳавоии Исроил ба корхонаи тавлиди сӯзишвории сохти мушакии Эрон дар моҳи октябри соли 2024, ки ҳадафаш коҳиши суръати ин барнома буд, иттилоъ нишон медиҳад, ки ин иқдом натиҷаи баръакс додааст. Ҷумҳурии Исломӣ пас аз ин ҳамла суръати тавлидро бештар кардааст.

Исроил аз он нигарон аст, ки Барномаи мушакии Эрон ба андозаи барномаи атомии он таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Гузоришҳо дар бораи эҳтимоли тавофуқи эҳтимолӣ миёни Эрон ва Амрико, ки фақат ба Барномаи атомӣ бояд вобаста бошад ва маҳдудиятеро барои тавонмандиҳои мушакии Эрон пешбинӣ накунад, нигарониҳои амиқи мақомоти амниятии Исроилро ба миён овардааст.

Ба асоси иттилооти низомӣ Эрон баъд аз ҳар марҳилаи рӯёрӯи бо Исроил дар моҳҳои апрел, октябр ва июни соли ҷорӣ шеваҳои амалиётии худро таҷдид ва тавонмандиҳои убур аз системаҳои дифои ҳавоии Исроилро таҳким бахшидааст.

Фарқияти мушакҳои худсохти Эрон ва ракетаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ноиби он, чун Ҳизбуллоҳ ва Ҳусиҳо партоб мешаванд, хеле зиёд аст. Мушакҳои Эрон дорои масофаи парвози зиёд, вазни зиёдтар ва қудрати тахрибии бештар буда, мустақиман зерсохтҳои ҳаётии Исроилро ҳадаф мегиранд.

Бар асоси гузоришҳо захираҳои мушакии Ҷумҳурии Исломӣ на фақат дар паноҳгоҳҳои зеризаминӣ, балки дар минтақаҳои кӯҳистонии кишвар низ пароканда шудааст, ки шиносоии онҳоро барои душман хеле душвор мегардонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.