Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
“Вашингтон пост”: Ин кор душвор аст. Мақомоти аврупоӣ ба дунболи эҳёи музокироти атомӣ бо Эронанд
Рӯзномаи “Вашингтон пост” дар матолибе фазои дипломатии баъд аз ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эронро мавриди таҳлил қарор дода, менависад, ки барои расидан ба як созиши нави атомӣ бо Эрон зарурат вуҷуд дорад, аммо ҳамлаҳои Амрико фазои дипломатиро вайрон карда, роҳро душвор намудааст.
Ин рӯзнома навишт, ҳукуматдорони аврупоӣ мегӯянд, арзёбиҳои ибтидоии онҳо нишон медиҳад, ки ҳамлаҳои Амрико Барномаи атомии Эронро ба ақиб андохтааст, вале онро комилан нобуд накардааст. Аммо аврупоиҳо нигарони онанд, ки он чӣ эҳтимолан аз байн рафтааст, имкони ба даст омадани созиш дар мавриди Барномаи атомии Эрон дар ояндаи наздик аст.
Ҳукуматдорони аврупоӣ эътироф мекунанд, ки музокирот ягона роҳ барои назорат ва маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомии Теҳрон аст. Онҳо аз ин нигаронанд, ки ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ангезаҳои майл кардан ба сӯи силоҳи атомӣ дар Эронро ба вуҷуд овардааст.
Президенти Амрико дар изҳороти пурихтилоф гуфт, ки “ҳич чизеро ба Эрон пешниҳод намекунад ва “ҳатто бо онҳо суҳбат намекунад”. Ба гуфтаи ӯ, чун “таҷҳизоти атомии Эрон пурра нобуд шудааст”. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл гуфта буд, ки музокирот наздик аст.
Аврупоиҳо талош доранд, музокирот бо Эронро аз сар бигиранд, аммо мақомдорони аврупоӣ эътироф мекунанд, ки мутақоид кардани ҳар ду ҷониб ба азсаргирии музокирот барои як созиши атомии фарогир, бахусус созише, ки кишварҳои аврупоӣ ва эҳтимолан қудратҳои дигари ҷаҳониро дар бар гирад, душвор хоҳад буд.
Ба навиштаи ин рӯзнома, мақомоти аврупоӣ медонанд, ки Трамп мавқеи худро зуд-зуд иваз мекунад ва онҳо хуб дарк мекунанд, ки лаҳни ӯ метавонад тағйир ёбад. Бо ин вуҷуд, агар ӯ музокирот бо Теҳронро аз сар гирад, метавонад бе роҳбарони аврупоӣ, ки аз замони ба мақом нишастанаш онҳоро канор зада буд, пеш равад. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо то куҷо метавонанад ба президенти Амрико, ки моҳи қабл ба ҳамлаҳои Исроил ҳамроҳ шуд, сипас, бидуни машварат бо муттаҳидони суннатии Амрико дар Аврупо оташбасро эълон кард, таъсиргузор бошанд.
Рӯзнома менависад, ки барои Эрон коҳиши таҳримҳо метавонад ба тадриҷ ангезаи кофиро барои расидан ба созиш фароҳам кунад. Аммо роҳбарони аврупоӣ медонанд, наметавонанд ба мақомдорони эронӣ кафолат диҳанд, ки Амрико ё Исроил дар оянда аз иқдомоти якҷонибаи низомӣ худдорӣ хоҳанд кард.
Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳамин ҳафтаи гузашта дар бораи эҳтимоли оғози гуфтугӯҳои дипломатӣ шубҳа кард. Ӯ гуфт, ки Теҳрон ба “замони бештар” ниёз дорад ва, ҳамчунин, мехоҳад Амрико кафолат диҳад, ки дар ҷараёни музокирот дубора ҳамла нахоҳад кард. Ӯ ба телевизиони амркиоии “CBS News” гуфт: “Фикр намекунам ба ин зуддӣ музокирот аз сар гирифта шавад.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”