27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
05.07.2025 08:41

Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон барои рушди иқтисоди сабз ва ҳамкории озод дар минтақа омода аст”

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон доир шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари кишвар дар суханронии худ гуфтанд, ки Тоҷикистон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои ЭКО-ро самти афзалиятноки сиёсати хориҷии худ меҳисобад.

Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзиро шарти муҳимми рушди устувори минтақа номиданд. Ба гуфтаи онҳо, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда фақат бо таҳияи санади нави ҳамкорӣ имконпазир хоҳад буд.

Сарвари давлат афзуданд, ки новобаста ба буҳронҳои ҷаҳонӣ иқтисоди кишварҳои аъзои ЭКО тамоюли мусбат дорад. Президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳаҷми савдои кишвар бо аъзои ЭКО дар соли 2024 ба 33% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон расида, нисбат ба соли гузашта 18% афзудааст.

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон рушди долонҳои нақлиётӣ, бартараф кардани меонеаҳои транзитӣ ва рақамикунонии ҳуҷҷатҳоро аз роҳҳои асосии тақвияти ҳамкорӣ хонанд.

Дар бахши энергетика, Президент  ба истифодаи васеи энергияи сабз ва татбиқи лоиҳаи “CASA- 1000” таъкид карданд. Ҳамчунин, ба зарурати дастгирии молиявии таъсиси корхонаҳои муштараки хурду миёна ишора намуда, ин иқдомро роҳи асосии таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди истеҳсолот донистанд.

Сарвари давлат таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди агротехнология ва таъсиси маҷмааҳои агросаноатиро аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ хонданд. Президенти кишвар дар бораи хатарҳои афзояндаи тағйиёбии иқлим ва офатҳои табиӣ ҳушдор дода, андешидани тадбирҳои муштаракро зарур шумурданд. Ҳамчунин, ба густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ таъкид намуда, зарурати тақвияти робитаҳои мардумиро ба миён гузоштанд.

Бо ишора ба вазъи буҳронии Ховари Миёна Сарвари давлат аз роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳамчун роҳи ягонаи ҳал ва барқарории сулҳи пойдор ҷонибдорӣ намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.