Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар Ханкендӣ оид ба масоили густариши ҳамкориҳо гуфтугӯ намуданд
Имрӯз, 4-уми июн дар шаҳр Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Сарвари кишвар ба Президенти Озарбойҷон барои пазироии гарм ва ташкили сатҳи баланди Ҳамоиши 17-уми ҳамкории иқтисодӣ изҳори сипос намуданд. Эмомалӣ Раҳмон тадорукоти баргузории ин ҳамоишро шоистаи таҳсин хонда, онро барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Илҳом Алиев низ ба Президенти Тоҷикистон барои пазируфтани даъват ва ҳузур дар ҳамоиши сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии Озарбойҷонро ба густариши робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Тоҷикистон таъкид карданд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ду кишвар масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва мавзуъҳои муҳимми рӯзномаи ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад