27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
02.07.2025 09:47

Сироҷиддин Муҳриддин дар суҳбат бо Аббос Ироқчӣ ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эронро маҳкум кард

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси робитаҳои дуҷониба ва таҳаввулоти охири минтақа баъд аз таҷовузи режими Исроил ва Амрико ба хоки Эрон табодули назар карданд.

Дар суҳбати телефонии судманд ду ҷониб масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус таҷовузи низомии режими Исроил ва Амрико бар зидди Эронро баррасӣ намуданд. Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар чунин амалҳои таҷовузкорона ва ғайриқонуние, ки бо принсипҳои асосии СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мухолиф аст, маҳкум намуда, ҳамдардӣ ва ҳамбасдагии худ ва мардуми Тоҷикистонро ба мардум ва ҳукумати Эрон изҳор дошт.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ин суҳбат таъкад кард, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дар робитаҳои дуҷониба бо дигар кишварҳо низ чунин ҳамлаҳои ғайриқонунӣ ва ғайримантиқиро маҳкум мекунад ва бовар дорад, ки мардуми бузург ва ҳушманди Эрон ин марҳиларо низ бо қувват ва ҳамбастагӣ паси сар хоҳанд кард.

Сайид Аббос Ироқчӣ аз мавқеи қатъии Тоҷикистон дар маҳкум намудани таҷовузи режими Исроил ва Амрико ба таври вижа қадрдонӣ кард. Ӯ таъкид кард, ки мавқеи муттаҳид ва ягонаи кишварҳои минтақа ва исломӣ дар маҳкум намудани ин таҷовуз нишони дарки умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба хатари қонуншикании Исроил ва Амрико аст.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.