27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
01.07.2025 10:34

Талафоти Исроил дар ҷанги 12-рӯза фош шуд: 805 кушта ва беш аз 30 миллиард доллар хисорот

Дар гузориши ахире, ки расонаҳои Исроил ва сарчашмаҳои дигари иттилоотӣ нашр кардаанд, шумораи воқеии талафоти ҷонии Исроил дар ҷанги 12-рӯза бо Эрон ва неруҳои муттаҳиди он ошкор гардид.  Дар ин бора рӯзномаи “Иттилоот” –и Эрон бо такя ба расонаҳои хориҷӣ гузориш дод.

Бар асоси иттилои нашршуда дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба хоки Исроил 805 низомии исроилӣ ба ҳалокат расидаанд:

6 генералӣ аршади артиш;

32 афсари хадамоти махфии “Моссад”;

78 афсари амниятии Шин Бет;

27 афсари неруҳои баҳрӣ;

198 афсари неруҳои ҳавоӣ;

462 сарбоз;

11 донишманди соҳаи атомӣ.

Ин иттилот баъди он ошкор шуд, ки як гурӯҳи хакерӣ тавонист ба сомонаи расмии исроилӣ ворид шуда, феҳристи талафотро мунташир намояд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Исроил то ба ҳол расман ин оморро тасдиқ  ё рад накардаанд, аммо расонаҳои ҷаҳонӣ бо такя ба сарчашмаҳои мустақил эълон карданд, ки ин рақамҳо наздик ба воқият мебошанд.

Дар ҳамин ҳол “Bloomberg” ҳаҷми зарари молии режими ишғолгарро дар ин ҷанг беш аз 30 миллиард доллар арзёбӣ кардааст, ки бахши калидии инфрасохтор, аз ҷумла пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохторҳои амниятиро фаро мегирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.