27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
30.06.2025 17:18

“Тоҷикстандарт” бо “Росстандарт” дар соҳаи стандартизатсия ва метрология созишномаи ҳамкорӣ имзо кард

Дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дар доираи ҷаласаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон ва Русия нақшаи сесолаи рушди ҳамкориҳо дар бахши стандартизатсия ва метрологияро ба имзо расониданд.

Ин санад чорчӯби ҳамкориҳо дар солҳои 2025 то 2027-ро танзим карда, мақсад дорад, ки ду кишвар бар асоси он корҳои муҳимро дар бахшҳои стандартизатсия ва метрология иҷро намоянд. Аз ҷумла такмили низоми техникии маҳсулот, баланд бардоштани сифати он ва тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ.

Созишномаи мазкур аз сӯйи Раҳмон Исломиддин, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ва роҳбари Агентии федералии танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Русия Антон Шалаев ба имзо расид.

Ин созишнома самтҳои васеи фаъолиятро фаро мегирад: аз ҳамоҳангсозии стандартҳои миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ то бартарафсозии сарчашмаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши иқтидори содиротии ду кишвар.

Таваҷҷуҳи махсус ба омодасозии мутахассисони соҳа ва ҷорӣ кардани таҷрибаҳои пешрафта равона шудааст ва интизор меравад ба рушди саноат ва таҳкими робитаҳои иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Русия мусоидат кунад. Ҳамзамон иштирок дар ташаббусҳои ҳамгироии ИДМ ҳамчун як воситаи муҳимми баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти тоҷикӣ дар бозорҳои хориҷӣ арзёбӣ мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.