Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Бадахшон маркази субот, шукуфоӣ ва имкониятҳои нави иқтисод. Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои лоиҳаҳои бузург ва нақшаи нав хабар дод
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуданд, ки вилоят ба марҳилаи нави шукуфоӣ ворид шудааст ва бо иҷрои садҳо лоиҳаи муҳим зиндагии сокинон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Сарвари кишвар зимни таҳлили рушди иқтисодиву иҷтимоии Бадахшон дар панҷ моҳи охири соли ҷорӣ таъкид намуданд, ки дар доираи омодагӣ ба 35 – солагии Истиқлол бунёди 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, беш аз 78 фоизи нақша иҷро шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханонӣ гуфтанд, ки тайи солҳои ахир дар вилоят 80 корхонаи саноатӣ, 70 иншооти соҳаи маориф, 46 маркази тандурустӣ, 74 майдончаи варзиш ва даҳҳо иншооти муҳимми иҷтимоӣ бунёд ёфтааст. Ҳамчунин, барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ 246 километр роҳ ва 37 пул бунёд шуда, ҳаракат ва иртиботи дохилӣ ва берунаи вилоят ба маротиб беҳтар гардидааст.
Сарвари кишвар ба зарурати татбиқи 869 лоиҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бо маблағи беш аз 7,3 миллиард сомонӣ таъкид карда, афзуданд, ки беш аз нисфи ин лоиҳаҳо аллакай амалӣ шудаанд. Ба гуфтаи сарвари кишвар фақат дар бахши нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ роҳандозӣ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул мавриди истифода қарор гирифтааст.
Роҳбари давлат дастур доданд, ки барои рушди саноат ва афзоиши ҷойҳои корӣ дар Бадахшон чораҳои мушаххас андешида шаванд. Зимни суханронӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ сарвари кишвар аз роҳбарияти вилоят талаб намуданд, ки бо вазорат ва идораҳои дахлдор барои таъсиси инфрасохтори муосир ва ҷалби бештари сайёҳон тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иҷрои лоиҳаҳо барои бунёди неругоҳҳои хурди обӣ, офтобӣ ва бодиро омили асосии таъмини уствори аҳолӣ бо барқ қайд намуданд. Ҳамзамон, масъулин барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи маориф ва тандарустӣ супоришҳои дақиқ гирифтанд.
“Бадахшон имрӯз ба маркази субот ва имкониятҳои нави иқтисод табдил ёфтааст” – зирк намуданд роҳбари давлат ва афзуданд, ки барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар саҳми ҳар як сокини вилоят муҳим мебошад.
Дар анҷоми сухаронӣ Сарвари кишвар аҳли зиё, фаъолон ва тамоми ҷомеаи вилоятро даъват карданд, ки барои тарбияи насли наврас, ҳамчун кафолати ояндаи ободу пешрафта диққати доимӣ диҳанд ва барои ободонии Бадахшон саҳми бештар гузоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”