Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ҷон Керрӣ: “Эрониҳо ҳувияти қавӣ доранд. Дониши атомӣ бо бомбаборон аз байн намеравад”
Вазири корҳои хориҷии собиқи Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “CNN” ҳушдор дод, ки ҳар гуна ҳамлаи низомӣ ба Эрон наметавонад Барномаи атомии ин кишварро ба таври комил маҳв созад, зеро “дониши атомиро наметавон бомбаборон кард”.
Ӯ гуфт, ки нобуд кардани таҷҳизоти атомии Эрон баробар бо нобуд кардани дониш ва таҷрибаи техникию илмии он нест.
“Шумо наметавонед дониши сохтани бомбаро бо бомба нобуд кунед. Шумо наметавонед дониш ва малакаи гурӯҳи бузурги муҳандисон ва тахникҳоро, ки солҳо рӯйи ин лоиҳа кор кардаанд, аз байн баред”- афзуд Ҷон Керрӣ.
Ӯ ҳамзамон гуфт, ки истифодаи роҳҳои низомӣ боиси тақвияти Сопоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон хоҳад шуд ва ин “барои ҳеч кас хуб нест”.
Ин посух ба суоле дар бораи нобудии комили Барномаи атомии Эрон дода шуд. Ҷон Керрӣ дар суҳбати худ Эронро як кишвари “бо ифтихори миллӣ ва ҳуввияти қавӣ” тавсиф карду гуфт: “Ман дар давраи музокирот дарк кардам, ки ифтихори миллӣ дар миёни эрониён хеле баланд аст. Онҳо миллати ифтихорманд ҳастанд ва ин омил дар робитаҳои онҳо ба ҷаҳони хориҷ таъсири ҷиддӣ дорад”.
Ҷон Керрӣ як нуқтаи баҳсбарангези дигарро дар ин суҳбаташ ишора кард. Ӯ гуфт, ки “Онҳо (Эрон) ҳамзамон содиқ ба нобудии Исроиланд. Ин ҷузъи фарҳанг ва ҳатто мазҳаб дар сиёсаташон шудааст”.
Ӯ бо ишора ба ин гуфт, мушаххас кардани омилҳое, ки метавонанд Эронро дубора ба мизи музокира баргардонанд, кори сода нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”