27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
26.06.2025 14:58

“Пирамарди хаёлӣ”-и Кохи сафед дар муҳосираи “CNN” ва ифшогарон

Иддаои президенти Амрико дар бораи «нобудии комили Барномаи атомии Эрон» ба мавзуи асосии баҳс дар дохили Амрико табдил ёфтааст ва расонаҳои ин кишвар як ба як ин иддаоро зери шубҳа мегузоранд.

Доналд Трамп рӯзи якшанбеи 22-уми июн эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар муассисаҳои асосии атомии Эрон - Фардо, Натанз ва Исфаҳонро ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Ин иддаои ӯ дар бораи «нобудии комили Барномаи атомии Эрон» пас аз ҳамлаи Вошингтон ба муассисаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси баҳсҳои шадид дар дохили Амрико шудааст ва расонаҳои амрикоӣ яке паси дигар бо истинод ба манобеи иттилоотӣ онро рад мекунанд.

Трамп баъди ҳамлаи Амрико иддао кард, ки муассисаҳои атомии Эрон “пурра нобуд шудаанд”.

Муовини ӯ Ҷей Ди Вэнс низ бо пайравӣ аз Трамп иддао кард, ки дар ин ҳамлаҳо муассисаҳои атомии Эрон нобуд шудаанд ва ин ҳамла  «яке аз муваффақтарин амалиёти низомӣ дар таърих» аст.

Аммо Марко Рубио, Вазири корҳои хориҷии ИМА, бо лаҳни муътадилтар ва бидуни такрори иддаои Трамп гуфт, ки «имрӯз эрониҳо дар масофаи бештар аз дастёбӣ ба силоҳи атомӣ қарор доранд». Ба гуфтаи ӯ, ба бахшҳои мухталиф осеби ҷиддӣ ворид шудааст.

Ба дунболи ин иддао, шабакаи “CNN” бо истинод ба се манбаи огоҳ аз арзёбии ибтидоии иттилоотии Амрико гузориш дод, ки ҳамлаҳои низомии Амрико ба се муассисаи атомии Эрон дар ҳафтаи гузашта бахшҳои ҳаётан муҳимми Барномаи атомии ин кишварро нобуд накардаанд ва эҳтимолан фақат боиси таъхири чандмоҳа дар он шудаанд.

Дар идома «New York Times» бо истинод ба як мақоми баландпояи амрикоӣ гузориш дод, ки ҳамла ба Фурду боиси нобудӣ нашуда, балки танҳо ба он осеб расидааст.

Вошингтон пас аз ифшои ин маълумот вокуниш нишон дод ва Кэролайн Ливитт, сухангӯи Кохи сафед, дар як изҳороти беасос ба “CNN” гуфт: «Ин арзёбӣ комилан нодуруст аст ва ба сатҳи махфият тааллуқ дорад. Он тавассути як шахси номаълум ва камаҳамият дар ҷомеаи иттилоотӣ ба “CNN” ифшо шудааст. Ин ифшои маълумот кӯшиши ошкоро барои таҳқир кардани президент Трамп ва беэътибор кардани халабонони шуҷоъест, ки амалиёти бехатареро барои нобудии Барномаи атомии Эрон анҷом доданд. Ҳама медонанд вақте 14 бомбаи 30 ҳазор фунтагӣ дақиқ ба ҳадаф мерасанд, чӣ мешавад: нобудии комил!»

Пас аз “CNN” ва “New York Times”, хабаргузории «Associated Press» низ ба нокомии ҳамлаҳои Амрико ба Фардо эътироф кард. Ин хабаргузорӣ бо истинод ба як гузориши иттилоотии Амрико навишт, ки ҳамлаҳои Амрико ба Барномаи атомии Эрон осеби ҷиддие нарасондаанд ва фақат боиси таъхири чандмоҳа шудаанд.

Рӯзномаи «Wall Street Journal» низ бо истинод ба гузоришҳои ибтидоии иттилоотӣ таъкид кард, ки ҳамлаҳои Вашингтон фақат Барномаи атомии Эронро чанд моҳ ақиб андохтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.