Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Трамп, “Ҷанги дувоздаҳрӯза” ва оташбас ё сулҳи пойдор
Ба навиштаи рӯзномаи “Financial Times” Доналд Трамп бо интихоби унвони “Ҷанги дувоздаҳрӯза” барои низоъ миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ ду ҳадафро пайгирӣ мекунад: аввал, президенти Амрико талош дорад, хатти хотимаи рӯшане барои ин низоъ таъйин намояд; дувум, ӯ мехоҳад ин дувоздаҳ рӯзи ҷангро ҳамчун “як лаҳзаи созанда” барои Ховари Миёна муаррифӣ кунад, ба мисли “Ҷанги шашрӯза”-и соли 1967, ки дар он режими саҳюнистӣ Миср, Сурия ва Урдунро шикаст дода буд.
Ба гузориши рӯзномаи “Дунёи иқтисод”-и Эрон, аз назари “Financial Times”, Доналд Трамп бо чунин унвонгузорӣ барои ҷанги миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ дунболи ду мақсад аст: якум, нишон додани поёни қатъии ҷанг ва дувум, табдил додани ин 12 рӯз ба нуқтаи бозсозии сиёсии минтақа.
Аммо оё ин даъвоҳо бо мурури замон боқӣ хоҳанд монд? Танҳо чанд соат пас аз эълони оташбас аз сӯи Трамп, режими саҳюнистӣ Эронро ба нақзи он муттаҳам кард ва ваъдаи вокуниши шадид дод. Бо ин ҳол, худи Трамп хостори ақибнишинии ҳар ду тараф шуд.
Шояд ин танҳо мубодилаи охирини зарбаҳо баъд аз садои занги поёни задухӯрд бошад ва воқеан бадтарин бахши даргирӣ ба поён расида бошад. Ё шояд эълони “сулҳ” аз сӯи Трамп як хаёлпардозӣ бошад ва боз як бор нишон диҳад, ки Амрико дигар назорати воқеии вазъи минтақаро надорад.
Ҳарчанд, ки оташбас комилан заъиф ба назар мерасад, вале метавонад нишонаи шуруъи як оромиши тадриҷӣ дар низоъ бошад. Бо ин вуҷуд, бештар ба назар мерасад, ки танҳо таваққуфи муваққатӣ дар адовати миёни Эрон ва режими саҳюнистист, на оғози як марҳалаи нав (тавре ки Трамп орзу дорад).
Эрон ҳарчанд осеб дида, аммо ҳамоно поянда боқӣ мондааст. Ин низоъ ба ҷои тағйири дидгоҳи раҳбарони Эрон, баръакс фарзияҳои аслии онҳоро тақвият бахшид, ки режими саҳюнистӣ ва Амрико душманони хеле хатарноканд.
Дар натиҷа, раҳбарони Эрон акнун ба дунболи роҳҳои бозсозии қудрати низомии худ хоҳанд рафт. Бозсозии Барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Эрон душвор хоҳад буд, аммо ғайриимкон нест. Ҳоло Эрон ангезаи бештар дорад, ки роҳҳои навро барои зарба задан ба режими саҳюнистӣ ҷустуҷӯ кунад.
То вақте ки дар тафаккури асосии ҳукумати Эрон тағйири ҷиддӣ ба вуҷуд наояд, режими саҳюнистӣ бо вуҷуди дастовардҳои зоҳирӣ дар “Ҷанги дувоздаҳрӯза” ба пирӯзии бо кафолат ноил нашудааст. Режими саҳюнистӣ тавонмандиҳои низомӣ ва иттилоотии худро нишон дод, аммо маълум шуд, ки дар ниҳоят ҳамоно ниёз ба дахолати Амрико дорад, то корро ба поён расонад.
Зеро Эрон комилан шикастхӯрда ҳисоб намешавад, режими саҳюнистӣ ва Амрико бояд роҳҳои алтернативиро барои ҳифзи манофеи амниятии худ дар минтақа ҷустуҷӯ кунанд. Аммо пас аз ҳамлаи Ҳамос дар 7-уми октябри соли 2023, ҳукумати Натаняҳу ва бештари ҷонишинҳои эҳтимолии ӯ ба назар мерасад, ки ба як стратегияе бар пояи ҳукмронии минтақавӣ содиқанд. Ин стратегия феълан пайгирӣ мешавад. Аммо барои режиме бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафар дар минтақае бо садҳо миллион аҳолӣ, чунин дастовард ҳамеша осебпазир боқӣ мемонад.
Трамп ба таври ошкоро тасмим гирифтааст, ки номи ӯ дар таърих ҳамчун “сулҳовар” сабт шавад ва ахиран боз таъкид кардааст, ки бояд ҷоизаи сулҳи Нобелро ба даст орад. Наздикони ӯ кайҳо боз талош доранд, ки тавофуқоти Иброҳим, ки дар даврони аввали президентиаш дар Вашингтон имзо шуда буд ва боиси одӣ шудани равобити режими саҳюнистӣ бо Аморот, Баҳрайн, Марокаш ва Судон гардид, густариш ёбад.
Аммо нарм кардани фазо миёни режими саҳюнистӣ ва Эрон, ки тоза вориди ҷанг шудаанд ва душманони ашадӣ ҳастанд, бисёр душвор хоҳад буд. Дастаи Трамп ҳамчунин, аз неруи кофии дипломатик бархӯрдор нест. На Марко Рубио (вазири корҳои хориҷии Амрико) ва на Стив Уиткофф (фиристодаи вижа) ба шакли муосири Генри Киссинҷер монанд нестанд.
Ёдоварии ҷанги шашрӯзаи соли 1967 аз ҷониби Трамп, мисли шамшери ду лаб аст. Чун шаш сол пас аз он, дар соли 1973, режими саҳюнистӣ дубора вориди як ҷанги густурда бо Миср ва Сурия шуд.
Бознашр аз рӯзномаи “Дунёи иқтисод” –и Эрон
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”