Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба муассисаҳои атомии Эронро шадидан маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳамлаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба муассисаҳои атомии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки рӯзи 22-уми июни соли 2025 анҷом ёфт, шадидан маҳкум намуд.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки Душанбе аз авҷ гирифтани муноқиша ва эҳтимоли табдил ёфтани он ба як ҷанги густурда бо оқибатҳои хатарнок барои минтақа ва ҷаҳон сахт нигарон аст.
“Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин, аз Созмони Милали Муттаҳид, Агентии байналмилалӣ оид ба ҳастаии энержӣ (IAEA) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои қабули қарорҳои фаврии қатъӣ ба мақсади роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа даъват ба амал меорад”- зикр шудааст дар изҳороти Вазорат.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин, таъкид намудааст, ки роҳи ягонаи ҳалли муноқишаҳо муколамаи сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад. Душанбе аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба коҳиши таниш ва барқарор сохтани сулҳи пойдор дар Ховари Миёна нигаронда шудааст, ҳимоят мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”