Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Вокунишҳо. “Исроил Амрикоро ба ҷанги Эрон кашид”. Эрон гулугоҳи Ҳурмузро мебандад ва ба пойгоҳ ва киштиҳои Амрико ҳамла мекунад
Ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон вокунишҳои манфӣ ва мусбатро дар Амрико ва Аврупо ва ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.
Бисёре аз мақомоти кишварҳо ҳамлаи Трамп ба муассисаҳои атомии Эронро бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ ва “хатарнок” хонданд. Расонаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ бо такя ба гуфтаҳои масъулон навиштанд, ки ҳамлаи Амрико ба Эрон хеле хатарнок аст ва боиси густариши ҷанг дар саросари минтақа мешавад. Субҳи имрӯз Доналд Трамп бо ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон навишт, ки “мо як ҳамлаи бисёр муваффақиятомез ба се муассисаи атомии Эрон, аз ҷумла Фурду, Натанз ва Исфаҳон анҷом додем”.
Доналд Трамп дар аввалин суханронии пас аз ин ҳамла гуфт, ки муассисаҳои атомии Эрон комилан нобуд шуд ва ҳоло вақти он аст, ки Эрон сулҳ кунад. Созмони атомии Эрон дар изҳороте ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии Эронро шадидан маҳкум карда, афзуд, ки “ин иқдом бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ “аст ва “ дар сояи бетафовутӣ ва ҳамроҳии Агентии байналмилалии атомӣ анҷом шудааст”.
"Созмони атомии Эрон ба миллати бузурги Эрон ин итминонро медиҳад, ки алорағми дасисаҳои хабисонаи душманон, бо ҳиммати ҳазорон донишманд ва мутахассиси инқилобӣ ва боангеза иҷоза нахоҳад дод, ки масири рушди ин санъати миллӣ, ки ҳосили хуни шаҳидони атомӣ аст, таваққуф кунад” – зикр мешавад дар изҳороти Созмони атомии Эрон.
Расонаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ ба ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон вокунишҳои манфӣ нишон дода, аз хатари густариши ҷанг, бахусус баста шудани гулугоҳи Ҳурмуз ва мавриди ҳадафи мушакҳои эронӣ қарор гирифтани неруҳои амрикоӣ ҳушдор доданд. Элстар Банкол, хабанигори "Скай нюз" дар Ховари Миёна навишт, ки посухи Эрон метавонад шомили ҳадаф гирифтани пойгоҳҳои низомии Амрико ё киштиронии ҷаҳонӣ бошад. “Эрон мумкин аст гулугоҳи Ҳурмузро ҳадаф қарор диҳад”- навишт хабарнигор.
Ин журналисти амрикоӣ навишт, коршиносон эълон карданд, ки тасмими Трамп барои ҳамла ба Эрон баёнгари оғози фасли ғайриқобили пешбинӣ барои амният ва сиёсат дар минтақа аст. “Ню-Йорк таймз” ба нақл аз Рай Такеа, муҳаққиқи аршади Ховари Миёна дар Шурои робитаҳои хориҷии Амрико навишт: "Ин як фазаи ҷадид ва эҳтимолан марҳилаи пур аз мушкил аст".
Рӯзномаи англисии “Гардиан” бо истинод ба Доналд Роткол, коршиноси ҳуқуқи байналмилал навишт: “Амалан ғайримумкин аст, ки ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомиро бар асоси қонунҳои байналмилалӣ қонунӣ бидонем”. "Гардиан” навишт, коршиносони ҳуқуқи байналмилал далел меоваранд, ки маншури Созмони милал ҳаққи фарогирӣ барои анҷоми ҳамлаҳои пешдастона, ҳамчун ҳамлаи Исроил ба Эронро дар назар нагирифтааст.
Вебсайти англисии “Ал-Ҷазира” пешбинӣ мекунад, ки Эрон мумкин аст ба як “иқдоми зиддиҳамла” даст бизанад. Ин вебсайт навишт, ҳич тазмине нест, ки агар Эрон посух надиҳад, Исроил ҳамлаҳои худро бас кунад ё Амрико дубора ба ҳамлаҳо напайвандад. Хабаргузории Юнҳопи Кореяи Ҷанубӣ дар мақолае дар хусуси иқдоми якҷонибаи рӯзи якшанбеи Трамп ба парадокси рӯйкардҳои Вашингтон ишора кард ва гуфт, ҳамлаи Амрико дар ҳоле рух дод, ки интизор меравад Иёлоти Муттаҳида таҳти сиёсати “Амрико аввал” –и Трамп як ҷанги хориҷиро оғоз накунад ва вориди он нашавад.
Вебсайти “Аксиюс” низ ба нақл аз сарчашмаҳои худ гуфт, ки давлати Амрико қабл аз ҳамла ба Исроил иттилоъ дода буд. Ҳоло омодабоши комил дар тамоми пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна ба иҷро даромадааст. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои сулҳомези атомии Эронро шадидан маҳкум намуда, ин иқдомро мухолифи тамоми қонунҳои байналмилалӣ донист.
"Таҷовузи низомии Амрико бар зидди тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти миллии як кишвари узви СММ, ки бо ҳамдастӣ ва ҳамкории ҷинояткоронаи режими наслкуши саҳюнистӣ сурат гирифт, як бори дигар авҷи палидии ҳоким бар сиёсати Амрико ва умқи хусумат ва кинаи ҳайати ҳукумати Амрико бо мардуми сулҳдӯст ва истиқлолталаби Эрони исломиро нишон дод”- зикр шуд дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Эрон. Дар ҳамин ҳол Муҳаммадризо Кордон, муовини Созмони атомӣ ва Раиси маркази системаи эминии атомии Эрон гуфт, ки бар асоси тамоми қонунҳои байналмилалӣ, муқаррарот ва низ урфи байналмилалӣ ҳамла ба муассисоти фаъоли ҳич кишвар набояд анҷом шавад.
Ӯ таъкид кард, ки аз қабл барномарезиҳое сурат гирифта буд ва корҳое барои ҳифзи эминӣ ва саломатии мардуми азизи кишвар андешида шуда буд ва бо вуҷуди иқдомҳои ҷинояткоронаи бомдоди имрӯз дар ҳамла муассисаҳои атомӣ, ҳич гуна олудагии маводи атомӣ дар хориҷ аз муассисаҳо мушоҳида нашудааст. Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи Амрико ба Эронро таҳдиди мустақим ба сулҳ хонд.
Ӯ ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии Эронро “афзоиши хатарноки низоъ” дар минтақа ва “таҳдиди мустақим бар зидди сулҳи байналмилалӣ” тавсиф кард. Дар ҳамин ҳол Нормо Торс, намояндаи конгресси Амрико гуфт, ки Доналд Трамп ба таври ғайриқонунӣ ба як кишвари хориҷӣ ҳамла кард ва "ҷони амрикоиҳо, неруҳои мо, хонаводаҳоямон ва ҷомеаамонро ба хатар андохт. Ӯ конгресс ва қонуни асосиро зери по гузошт. Акнун мардуми Амрико маҷбуранд, ки баҳои бемасъулиятии ӯро бипардозанд".
Шурои миллии эрониёни Амрико “Ниёк” бо нашри як баёния дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ба Эрон гуфт, ки Нетаняҳу саранҷом Амрикоро ба ҷанги хатарнок ва ғайриқонунӣ бо Эрон кашонд. Ин шуро ҳушдор дод, ки ин ҳамлаҳои бахше аз як ҷанги маҳдуд нест, ҷанге, ки мардуми Амрико мухолифи он ҳастанд ва бар хилофи ваъдаҳои интихоботии Трамп аст.
Скот Ритер, низомии пешини Амрико ва фаъоли зидди ҷанг гуфт, ки дар ҳамлаи Амрико ба Фурду ҳич осеб надидааст. Ӯ гуфт, “тамоми таҷҳизоти ҳассос қаблан тахлия шуда ва акнун дар маҳалли амн ҳастанд”. Дар ҳамин ҳол, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико Майк Ҷонсон навишт, ки “президенти Амрико тасмими дуруст гирифт ва коре, ки лозим буд, анҷом дод.
Роҳбарони конгресс аз фаврият ва вазъият огоҳ буданд ва фармондеҳи кулли қувваҳо хатарро бартараф кард. Бар хилофи ин, Александрио Кортз, намояндаи конгресси Амрико дар паёме навишт “тасмими фоҷеабори президент барои бомбаборони Эрон бидуни иҷоза, нақзи ҷиддии қонуни асосӣ ва ихтиёроти ҷангии конгресс аст. Ӯ саросемавор хатари оғози ҷангеро ба ҷон харидааст, ки эҳтмолан наслҳои моро гирифтор хоҳад кард".
Виндил Перс, ҳунарманди машҳури амрикоӣ дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ба Эрон навишт “Исроил акнун Амрикоро ба ҷанг бо Эрон кашондааст. Ҳазорон амрикоӣ, ки имшаб зинда ҳастанд, дар натиҷаи як иқдоми хилофи қонуни асосӣ ҷони худро аз даст хоҳанд дод. Эрон талофӣ хоҳад кард ва амрикоиҳо хоҳанд мурд”.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”