Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Маркази нави тиббӣ-таълимӣ дар Душанбе дарҳои худро боз кард: Пешвои миллат онро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе субҳи имрӯз маркази нави ташхису табобат ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Ин иншооти муосир, ки дар шаҳраки донишҷӯён воқеъ аст, барои таҳкими робитаҳои илм ва амал дар бахши тибби кишвар бунёд шудааст.
Марказ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлат бунёд шуда, дар масоҳати умумии қариб як гектар доман паҳн кардааст. Бинои панҷошёна бо таҳхонааш беш аз 3600 метри мураббаъро фаро гирифта, бо дастгоҳҳои пешрафтаи ташхиси тиббӣ, аз ҷумла томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз таъмин шудааст.
Ба гуфтаи масъулон Марказ метавонад дар як вақт то 300 донишҷӯ, омӯзгор ва шаҳрвандонро бо хидматрасонии тиббии босифат фаро гирад. Иншоот ҳамчунин, дорои дорухонаи гиёҳдармонӣ, озмоишгоҳи тайёркунии маводи доруворӣ ва ҳашт синфхонаи дарсӣ аст. Дар ошёнаҳои болоӣ утоқҳои табибони ихтисосманди соҳаҳои гуногун, аз гинеколог то асабшинос ҷой дода шудаанд.
Президенти кишвар зимни боздид аз Марказ аз сатҳи баланди сохтмон ва таҷҳизоти он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро ба таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи илмомӯзӣ ва тибби башардӯстона ҳидоят намуданд.
Марказ ҳамчун пойгоҳи таҷрибавӣ ба факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи ДМТ хидмат хоҳад кард ва умед аст, ки барои боло бурдани сатҳи касбии мутахассисони ҷавон мусоидат намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”