27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
20.06.2025 12:07

Фарҳод Раҳимӣ: “Ваҳдат самари хиради сиёсӣ ва муҳаббати Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан аст”

Фарҳод Раҳимӣ, президенти пешини Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як мақола дар хабаргузории “Ховар” аз талош ва ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ба даст овардани сулҳ ёдовар шуда, навиштааст, ки он оғози саҳифаи нав дар сарнавишти давлат гардид.

Фарҳод Раҳимӣ ҳоло вазифаи Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Ӯ дар ин мақола навишт, ки сиёсати ваҳдатофарини Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи беназири барқарории сулҳ ва таҳкими давлатдорӣ дар шароити муосири ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

“Ин раванд таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, бо истифода аз принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, гузашт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ татбиқ гардиданд”- навиштааст Фарҳод Раҳимӣ.

Фарҳод Раҳимӣ бо ишора ба баргузор шудани Иҷлосияи таърихии XVI-и Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон навишт, ки “бо ташаббуси сарвари кишвар равандҳои барқарор сохтани сохтори давлатӣ, музокироти сулҳ ва боз гардонидани гурезагон оғоз гардид”. Ӯ афзудааст, ки Ваҳдат дигар фақат як орзу набуд, балки рукни муҳимми давлатдорӣ ва маънои ҳаёт буд.

“Сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсии дохилӣ наҷот дод, балки заминаи рушди устувори минбаъдаро гузошт. Он ҳамчун таҷрибаи нодири давлатсозӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ дар таърихи муосири ҷаҳон ҷойгоҳ пайдо кардааст. Таҳкими ваҳдат ва суботи миллӣ имрӯз низ ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ боқӣ мондааст. Дар сатҳи байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун модели муваффақи рафъи низоъ шинохта шуд” – зикр кардааст Фарҳод Раҳимӣ.

Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки эҳёи кишвар баъд аз ҷанг, аз ҷумла бунёди мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва зерсохторҳои муҳимми иҷтимоӣ бо ташаббуси Пешвои миллат оғоз гардид. Гурезагон ба Ватан баргаштанд, кӯдакон боз ба мактаб рафтанд ва Тоҷикистон ба зиндагии осоишта рӯ овард.

“Имрӯз, вақте ки субот дар мамлакат пойдор аст ва парчами ваҳдат бо ифтихор парафшон аст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб дарк мекунад, ки ин оромӣ осон ба даст наомадааст. Ин ваҳдат самари ирода, хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба Ватан аст. Ва он сухани таърихӣ, ки рӯҳи як миллатро бедор кард, имрӯз низ чун чароғи роҳнамо дар фазои давлатдории миллӣ медурахшад” – таъкид намудааст Фарҳод Раҳимӣ.

Фарҳод Раҳимӣ дар охир ишора кардааст, ки дар замири ҳар як шаҳрванди кишвар имрӯз Ваҳдат ҷой гирифтааст: “Ваҳдат имрӯз на фақат барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи муваффақи идораи буҳрон, сулҳ ва таҳкими давлатдорӣ хизмат мекунад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.