27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
20.06.2025 12:55

Шафеъии Кадканӣ дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил: “Эрон аз пой намеафтад, аз хокистари худ бармехезад”

Шоир ва адабиётшиноси маъруфи эронӣ Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ бо нашри ду паём дар саҳифаи иҷтимоияш ба ҳамлаи Исроил бар зидди Эрон ва мухолифони ҳукумати имрӯз ва ҷонибдорони ҳамлаи Исроил вокуниши тунд нишон дод.

Ҳамлаи Исроил бар хилофи интизори Бенямин Нетаняҳу, ки интизор дошт, эрониҳо аз он ҳимоят мекунанд, хашм ва нафрати на танҳо мардуми одӣ, балки чеҳраҳои саршиноси Эронро барангехт. Шоирон, ҳунармандон, сарояндагон ва чеҳраҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ корсози ҳимоят аз Эрон ва мухолифат бар ҳамлаи Исроилро роҳандозӣ карданд.

Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ шоир ва адабиётшиноси маъруфи эронӣ дар аввалин рӯзҳои ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон паёмеро барои ҳамбастагии мардуми Эрон нашр кард. Ин паём, ки ба забони ибрӣ (исроилӣ) низ тарҷума шудааст, чунин аст:

 “Эрон аз пой намеафтад, метапад ва чун қақнус (симурғ) аз хокистари худ бармехезад”.

Ин донишманди эронӣ ҳамчунин, дар саҳифаи худ иқтибосеро аз донишдани эронии дигар Муҳаммадалии Исломии Надушан дар вокуниш ба эрониёни тарафдори ҳамлаи Исроил нашр кард.

“Ному шараф, чизе фаротар аз маргу зиндагӣ.

Агарчи ҷон азиз аст ва марг нодилхоҳ, бо ин ҳол чизе фаротар аз марг ва зиндагӣ ҳаст, яъне ҷустуҷӯи навъи маъно дар зиндагӣ ва он ин аст, ки “шараф” олуда нашавад. Аз миёни мавоҳибе, ки ба инсон бахшида шудааст, “ном” болотарин аст ва ном иборат аз он аст, ки шахс ончиро ки “ҷавҳари зиндагӣ” мешиносад, дар ҳифзи он то пойи ҷон биистад. Сарбози Ватан Муҳаммадалии Исломии Надушан”.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.