Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сафири Тоҷикистон хоҳони баргузории брифинги сайёҳии вижа дар Абу-Дабӣ шуд
Ашрафҷон Гулов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 16-уми июн бо Муҳаммад Солеҳ ал-Ҷазирӣ, Директори генералии Мақомоти фарҳанг ва сайёҳии Аморати Абу Дабӣ мулоқот намуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ хабар дода, афзуд, ки ҷонибҳо дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ карда, аҳамияти ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ду кишварро таъкид намуданд. Ҳамчунин, зарурати истифодаи фаъолонаи механизмҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои дуҷониба зикр шудаанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар доираи баррасии рушди ҳамкориҳои сайёҳӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ташкил ва баргузории мулоқотҳои машваратӣ бо ширкати ниҳодҳои марбута, ширкатҳои сайёҳӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ изҳор доштанд. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Абу-Дабӣ брифинги вижа барои аҳли ҷомеа баргузор карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”