Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Вазъияти Исроил пас аз ҳамлаи мушакии Эрон. Ин ҷо Тел-Авив аст ё Ғазза?
Расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, ки баъди ҳамлаҳои мушакии Эрон шаҳрҳои Исроил шабеҳи Ғазза ба вайрона табдил шудаанд.
Хабаргузориҳои эронӣ навиштанд, ки то имрӯз 11 мавҷи машакии “Ваъдаи содиқ 3” дар вокуниш ба ҷиноятҳои режими Исроил, ки ба шаҳрҳои мухталифи Эрон сурат гирифта, мардуми бегуноҳ, донишмандон ва фармондеҳони низомии Эронро кушт, анҷом дода шудааст.
Ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Исроил хисорот ва талафоти зиёд ба вуҷуд оварда, чеҳраи шаҳрҳои Тел-Авив, Ҳайфо ва дигар шаҳрҳои ишғолиро ба як саҳнаи ҷангӣ табдил додааст.
Режими Исроил дар ибтидои ҳамлаи мушакии “Ваъдаи содиқ 3” маҳдудиятҳои зиёди расонаиро оид ба нашри аксу видео ва талафоти низомӣ ҷорӣ карда буд. Аммо бо вуҷуди ин аксу наворҳои зиёд аз ба ҳадафрасии дақиқи мушакии Эрон дар хоки Исроил нашр шуд. Ҳоло режими Исроил талошҳои зиёде анҷом медиҳад, ки пеши роҳи тасвир ва аксҳои хисорот ва вайрониҳои ҳосилшуда дар ҳамлаҳои мушакии Эронро бигирад.
Нашру аксҳои аз Тел-Авив нишон медиҳад, ки ин минтақа ба шакли аҷибе монанди Ғазза шудааст.
Телевизиони 12-и режими Исроил эълон кард, ки Эрон аз оғози ҷанг то кунун беш аз 500 мушак ба самти сарзаминҳои Исроил партоб кардааст. Ин дар ҳолест, ки омори воқеии мушакҳо, ки сарчашмаҳои расмӣ ва ғайрирасмии эронӣ нашр кардаанд, аз ин рақам зиёд мебошад.
Ҳамлаҳои ду рӯзи ахири Эрон ба муассисаҳои муҳимми Исроил нишон дод, ки системаи дифоии зиддиҳавои Исроил, бахусус системаҳои зидди мушакии он дар раҳгирӣ ва маҳви мушакҳои эронӣ нокоманд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”