27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
17.06.2025 15:21

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масъалаи таъсиси корхонаи муштараки мошинсозии барқиро баррасӣ намуданд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 17-уми июн дар ҳошияи нишасти дуюми Осиёи Марказӣ ва Чин бо Си Ҷинпин,  президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкориҳои стратегиро баррасӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон аз сафари соли гузашта ва таърихии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки он марҳилаи нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ аст.

Си Ҷинпин саҳми Тоҷикистонро дар ташаббусҳои байналмилалӣ дар бахши ҳифзи захираҳои об ва иқлим, аз ҷумла ташкили нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баланд арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки Чин омода аст рушди Тоҷикистонро дар бахшҳои калидӣ, аз ҷумла саноат, инфрасохтр ва иқтисодиёти рақамӣ ҳамаҷониба дастгирӣ кунад.

Сарони ду кишвар ҳамчунин, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи президент Си Ҷинпин кишвари Чин дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 20 фоиз саҳм дорад. Дар ин замина, аҳамияти таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи чинӣ, аз ҷумла дар бахши мошинсозии барқӣ, панелҳои офтобӣ, дорусозӣ ва саноати химиявӣ таъкид шуд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо таъсиси марказҳои муштараки технологӣ ва IT-платформаҳоро яке аз самти ҳамкориҳои ояндадор шумурданд. Дар робита ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ гуфтугӯ сурат гирифт. Аз ҷумла, афзоиши бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Дар мулоқоти сарони ду кишвар санадҳои муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар бахши моликияти зеҳнӣ;

Барномаи ҳамкории иқтисодӣ то соли 2030;

Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси муколамаи стратегӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ;

Созишнома дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсияҳои рақамӣ;

Ҳамкории расонаӣ миёни “Народная газета” ва корпоратсияи давлатии Чин;

Созишнома оид ба бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғд ва музофоти Шэнси.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.