Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ҳамлаи бесобиқаи мушакии Эрон ба Исроил. Таркишҳои пай дар пай шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфоро ларзонданд
Шаби гузашта баъд аз ҳамлаҳои Исроил ба муассисаҳои ғайринизомии Эрон, аз ҷумла қароргоҳи радио ва телевизион ва беморхонаҳо неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ҳамлаҳои мушакии шадид минтақа ва муассисаҳои низомии Исроил дар шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфоро мавриди ҳамла қарор доданд.
Дар пайи ҳамлаҳои густурдаи мушакии Эрон дар шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфо таркишҳои пай дар пай рӯй дода, зерсохторҳои зиёди низомии Исроил нобуд шудаанд.
Телевизиони 12-и Исроил гузориш дод, ки шаби гузашта чанд маротиба мушакҳои Эрон бидуни огоҳии пешакӣ дар Исроил ба ҳадаф мерасанд. Тибқи иттилои ин расона сипари дифоии зиддиҳавоии Исроил комилан фалаҷ шуда, мушакҳо мустақиман ба ҳадаф мерасанд.
Агентии хабарии расмии Ирно хабар дод, ки шаби гузашта неруҳои Сипоҳи посдорони Эрон дар чандин марҳила бузургтарин ҳамлаҳои мушакиро бар зидди Исроил анҷом доданд. Дар натиҷа шаҳрҳои Тел-Авив, Нетаня, Ашдуд ва дигар минтақаҳои зери ишғоли Фаластин мавриди ҳадафи мушакҳои эронӣ қарор гирифтанд.
Телевизиони 12-и Исроил хабар дод, ки чандин мушаки эронӣ дар минтақаҳои Тел-Авив бархӯрд намуда, таркишҳои зиёде ба вуҷуд омаданд.
Имшаб сигналҳои хатар дар саросари Исроил ба садо дароманданд. Режими Исроил эълон кард, ки дар ҳамлаҳои шаби гузашта Эрон аз мушакҳои круз истифода кардааст.
Расонаҳои исроил навиштанд: “Онҳо моро фиреб медиҳанд ва ҳамлаҳои шабонаи душман оромиши миллионҳо сокини маҳаллиро халалдор кардааст ва эҳтимол меравад мушакҳои баллистикӣ низ дар роҳ бошанд”.
Рӯзномаи “Маариф” –и чопи Исроил навишт “Мо мушакеро намебинем, аммо онҳо дарҳол ба ҳадаф мезананд”.
Ниҳодҳои амниятии Исроил камераҳои назоратии нақлиёт ва видеоназорат дар тамоми Исроилро хомӯш кардаанд, зеро Эрон бо роҳ ёфтан ба онҳо метавонад видеоҳои бархӯрд ва миқёси хисоротро ба даст орад.
Бархе расонаҳои арабӣ навиштанд, ки Эрон бори аввал аз мушакҳои муосире истифода мекунад, ки ба шакли амудӣ партоб шуда, дар осмон нопадид мегарданд.
Телевизиони 12-и режими Исроил хабар дод, ки яке аз мушакҳои Эрон ба Нақб дар ҷануби шаҳри Тел-Авив бархӯрд кардааст.
Шумораи дақиқи кушта ва захмиёни ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Исроил ҳанӯз маълум нест. Бархе расонаҳо гузориш доданд, ки беш аз 300 нафар захмӣ шудаанд.
Қабл аз ҳамлаи мушакии Эрон, неруҳои Исроил ба қароргоҳи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамла карданд ва дар натиҷаи ин ҳамла бархе аз рӯзноманигорони эронӣ кушта ва захмӣ шуданд. Эрон шадидан ҳамла ба қароргоҳи расонаҳоро маҳкум намуда, онро фишор ба озодии баён таъбир кард.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, ҳаҷми мушакҳои ҳамлавар дар ин амалиёт ду баробар ва маҷмӯи ҳадафҳо се баробар интихоб шуд. Дар ин марҳила ҳафт мушаки Қиём дар минтақаҳои Табария ва Қариёт Шимона ба ҳадаф расиданд.
Мазбут Косимов
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”