Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
«Модарони Ваҳдатсаро». 100 зани фаъолу собиқадор доир ба Истиқлолу Ваҳдат бо сокинон суҳбат мекунанд
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-ум то 20-уми июн ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Корвони «Модарони ваҳдатсаро» сафар мекунанд.
Бинобар иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдом ба муносибати 28-солагии Ваҳдати миллӣ доир гашта, сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон ба роҳ монда мешавад.
Гуфта мешавад, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» аз 100 зан иборат буда, ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд. Онҳо дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”