27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
15.06.2025 19:46

Мушакҳои Эрон чӣ гуна системаи дифои ҳавоии чандқабатаи Исроилро фалаҷ карданд?

Дар як гузориши муфассал шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” бо таҳлили ҳамлаҳои мушакии Эрон зикр кардааст, ки чӣ гуна мушакҳо ва дронҳои Эрон дифои ҳавоии чандқабатаи Амрико ва Исроилро тавонистанд рахна ва фалаҷ кунанд. Дар ин гузориш ба сароҳат таъкид мешавад, ки Исроил бо оғози ҷанг бо Эрон худро вориди як гирдоби хартарнок ва паёмадҳои ваҳшатнок кард.

Ин телевизиони арабӣ ва қатарӣ дар идомаи таҳлили муфассал ба иқтидори мушакии Эрон дар иртибот ба зарбаҳои дақиқ ва шадид ба Исроил, шикастани сипари дифоии чандқабатаи Амрикову Исроил пардохта, зикр кардааст, ки ин як шикасти шармандавор аст. Дар зер мо муҳимтарин нуқтаҳои гузориши муфассали “Ал-Ҷазира” –ро тарҷума мекунем.

“Ваъдаи содиқ 3”. Боз кардани дарҳои ҷаҳаннам ба рӯи Исроил

Шаби ҷумъаи 13-уми июн дар вокуниш ба ҳамлаҳои Исроил Эрон оғози ҳамлаи густурда ба мавқеъҳои режими Исроилро эълон кард. Ин посухи ҷавоб дар пайи таҷовузи Исроил бар зидди Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон сурат гирифт, ки дар натиҷа теъдоде аз фармондеҳони низомӣ ва донишмандони атомии Эрон кушта шуданд.

Он рӯз хабаргузориҳои расмии Эрон эълон намуданд, ки садҳо мушаки баллистикӣ ба самти Фаластини ишғолӣ – Исроил партоб шудааст ва ин оғози ҳамлаи ҷавобии пуршиддати Теҳрон ба таҷовузи исроилиҳост. Соатҳои аввали шаб садои хатар дар Тел-Авив, Байтулмуқаддас ва чандин шаҳрҳои дигари Исроил ба садо даромад. Ҳукумат ва артиши Исроил аз шаҳрвандон хостанд, ки дар паноҳгоҳҳо паноҳ гиранд.

Талафот ва хисоратҳо: Сукути расонаҳои исроилӣ дар зери сонсур

Хизматрасонии ёрии таъҷилии Исроил субҳи шанбе эълон кард, ки дар натиҷаи бархӯрди мушак ва дронҳои эронӣ ба минтақаҳои марказӣ ва шимолии Исроил 3 нафар кушта ва 172 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ин омор дар ҳоле нашр шуд, ки дар ҳамлаи бузурги субҳи рӯзи 15-уми Эрон ба Исроил талафоти харобиҳои зиёд гузориш мешавад. Расонаҳои исроилӣ ҳарчанд зери назорати сахти низомӣ қарор доранд ва аз нашри омори воқеӣ худдорӣ мекунанд, вале бар асоси иттилои фошшуда беш аз 200 исроилӣ дар ин ҳамлаҳо кушта ва захмӣ шудаанд. Зиёда аз ин, даҳҳо нафар дар зери харобаҳои биноҳои Тел-Авив ва дигар шаҳрҳои Исроил боқӣ мондаанд.

Шабакаи 13-и телевизиони Исроил аз қавли мақомот хабар дод, минтақаҳои бузурги Тел-Авив ба андозае хароб шуд, ки то кунан монандаш дида нашуда буд.

Иқтидори мушакҳои баллистикии Эрон

Суоли муҳимме дар ҳама ҷо матраҳ мешавад: Эрон чӣ гуна тавонист дар муддати кӯтоҳ ба системаи дифоии мураккаб ва чандқабатаи Исроил нуфуз кунад ва зарбаҳои дақиқ ва вайронгар занад?

Посухи асосӣ ба силоҳи истифодашудаи мушакҳои баллистикии Эрон ниҳон аст. Ин навъ мушакҳо аз масири қавсмонанди атмосфера берун мешаванд ва баъдан бо неруи ҷозиба ба сӯйи ҳадаф бармегарданд.

Мушакҳои баллистикӣ аз масофаҳои мухталиф истифода мешаванд, аз 1000 км то 12 000 км. Ҳарчанд омори расмӣ аз шумораи дақиқи мушакҳои Эрон нест, вале маълум аст, ки Эрон барои такмили дақиқи ин силоҳҳо сармоягузориҳои зиёд анҷом додааст. Масалан, мушакҳои Фотеҳ-313 ва Қиём-1 бо системаи дақиқи раҳнамои пешрафта таҷҳизонда шудаанд.

Ҳуҷуми ҳамзамони мушак ва дронҳо фалаҷкунанда буданд

Коромадӣ ва муваффақияти Эрон фақат ба дақиқ будани баҳадафрасии мушакҳо вобастагӣ надорад, балки ҳуҷуми ҳамзамон бо дронҳо ва мушакҳо боиси фалаҷ гардидани системаи чандқабатаи дифои ҳавоии Исроил шудааст. Ҳама гуна система, ҳатто системаи маъруфи “Гунбади оҳанин” тавоноии маҳдуди дарёфт ва нобудсозии мушакҳоро дорад. Дар вақти партоби садҳо мушак дар як вақт қобилияти дифоӣ ба сустӣ мауфтад ва мушакҳо ба ҳадаф мерасанд.

Исроил тақрибан даҳ системаи “Гунбади оҳанин” дорад, ки ҳар кадом 60 мушаки дифоӣ доранд. Яъне, онҳо метавонанд ҳадди аксар 600 мушакро дар як вақт раҳгирӣ ва нобуд созанд. Вақте дар замони кӯтоҳ 800 мушак партоб мешавад, системаи дифоӣ дар раҳгирӣ ва задани мушакҳо ноком мешавад. Ҳамчунин, системаи “Фалохони Довуд” ва “Тир 1 ва 2” ва ҳатто системаи дифоии амрикоии ТААД низ зери зарбаи ҳамлаи ҳамоҳангшуда қарор гирифтанд.

Мушакҳои ултрасадоӣ сипари дифоии Исроилро шикаст

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавлиди мушакҳои ултрасадоӣ ба муваффақият ва пешравии беназир расидааст. Ин мушак бо суръати беш аз 5 маротиба аз суръати садо ҳаракат мекунад ва қобилияти манёр кардан дар масири пастро дорад, ки радари душман наметавонад сари вақт онро ошкор ва нобуд кунад. Мушакҳои ултрасадоии Эрон тақрибан то 12 дақиқа ба Исроил мерасанд. Дар ҳамлаҳои ахири Эрон аз мушакҳои ултрасадоӣ истифода шуд ва онҳо дақиқ ба ҳадафҳои худ расиданд.

Эрон дар сохти бесарнишин ва мушакҳои круз ба пешрафти беназир расидааст

Эрон фақат бо мушакҳои баллистикӣ иктифо намекунад. Пешрафтҳои ҷиддии ин кишвар дар бахши тавлиди бесарнишинҳои ҷангӣ, ба мисли “Шоҳид-136” ва мушакҳои кроз сабаби иқтидори низомии ин кишваранд. Ин мушакҳо дар сатҳи паст парвоз мекунанд ва аз радар мегурезанд.

Бесарнишин ва дронҳо на фақат барои ҳамла, балки барои аз кор андохтани системаҳои радарии душман дар марҳилаи аввал истифода мешавад, то роҳро барои мушакҳои баллистикӣ ва кроз боз кунад.

Хулосаи “Ал- Ҷазира”

Бо вуҷуди ҳимояти бидуни ҳадду марзи Амрико ва Аврупо Эрон тавонист бо истифода аз як низоми ҳамлаи мураккаби мушакӣ-дронӣ сипари дифои мустаҳками Исроилро фалаҷ кунад. Ҳоло Исроил бо як абарқудрати минтақавие рӯ ба рӯ аст, ки як анбори бузург силоҳҳои муосир ва системаи дифои тактикӣ дорад. Ин оғози марҳилаи нав ва хатарнок дар низои Эрон ва Исроил мебошад ва бо паёмадҳое, ки дорад, метавонад тамоми минтақаи ғарби Осиёро фаро гирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.