27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
15.06.2025 11:08

Хатои муҳосиботии режими Исроил: Эрон чӣ гуна муодилаи ҷангро дигар кард?

Ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кӯтоҳтарин фурсат ба Тел-Авив посухи шадид дод, боиси паҳн шудани мавҷи нигаронӣ ва тарс аз тавоноии баланди низомии Эрон дар миёни мақомоти режими Исроил гардид.

Режими Исроил бо ҳимояти иттилоотӣ, таҷҳизотӣ ва амалиётӣ бо убур аз хатти сурхи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хоки кишвари мо таҷовуз кард ва дар марҳилаи аввал, бо террори фармондеҳон ва донишмандони атомӣ гирифтори ғурури сохта шуд. Ин ҳамла, ки ба навъе зодаи “фиреби дипломатии” Амрико буд, нишон дод, ки саҳюнистон дар баровардҳои худ нисбат ба тарафи муқобил иштибоҳи ҷиддӣ кардаанд.

Режими Исроил фикр мекард, ки метавонад бо такрори сенарияи Лубнон дар Эрон, дар ҳамон рӯзи аввал боиси фурӯпошии амният ва фармондеҳии низомӣ шавад ва посухи Эрон ба таҷовузро номумкин ё ба таъхир андозад. Аммо таъйини фаврии ҷойнишини фармондеҳони низомӣ ва фаъолсозии системаи мудофиаи ҳавоии Эрон режими саҳюнистиро дар шароити бисёр душвор қарор дод.

Тағйири муодила дар осмон

Бо таваҷҷуҳ ба табиати таҷовузгар ва нақши калидии неруҳои ҳавоӣ дар стратегияи режими саҳюнистӣ ҷангандаҳои F-35 барои ин режим қадами муҳим ҳисобида мешуданд, то саҳюнистон битавонанд амниятро дар кишварҳои минтақа ба осонӣ ноором созанд. Аз ҳамин рӯ, F-35 қудрати бечунучарои саҳюнистон дониста мешуд. Аммо сарнагун кардани F-35 –и амрикоӣ ба воситаи системаи дифоии маҳаллии артиши Эрон, мувозинати низомӣ дар минтақа ва ҳатто ҷаҳонро дигар кард. Ин нишон дод, дигар F-35-ро, ки қаблан ғайриқобили шиносоӣ шумурда мешуд, метавон маҳв кард. Дар воқеъ, таҷовузи режими саҳюнистӣ бузургтарин зарбаи амниятӣ ва низомиро ба Амрико ворид намуд.

Дар ҳамин замина хабаргузории “Russia Today” чунин эълон кард: “Қувваҳои мусаллаҳи Эрон муваффақ шуданд, охирин ҷангандаҳои насли панҷуми F-35-и неруи ҳавоии Исроилро сарнагун кунанд. Ин ҳавопаймо қаблан “ғайриқобили шикор” шумурда мешуд: эҳтимолан ин аввалин шикасти ҷангии F-35 дар таърих аст”.

Ҷангандаи F-35 маҳсули ширкати амрикоии “Lockheed Martin” мебошад. Ин ҷанганда дорои се модел – А, В, С аст. Модели А парвоз ва фурудро ба шакли маъмулӣ анҷом медиҳад, аммо модели В қобилияти парвози кӯтоҳ ва фуруди амудиро дорад. Модели С барои истифода дар киштиҳои ҳавопаймобар пешбинӣ шудааст.

Режими саҳюнистӣ дар моҳи октябри соли 2010 қарордоди хариди 19 адад аз ин ҷангадаҳоро бо арзиши 2,75 миллиард доллар имзо кард ва дар феврали соли 2015 боз 14 адади дигарро бо арзиши тахминан 2 миллиард доллар харид. Ин қарордод ба саҳюнистон имкони хариди то 75 ҷангандаи F-35 –ро фароҳам сохт.

Ғафлат ва ҳайрат аз посухи нахустини Эрон

Посухи Эрон ба таҷовузи режими саҳюнистӣ ба воситаи мушакҳои баллистикӣ саҳюнистонро шадидан ба ҳайрат овард. Бар асоси гузоришҳо то ба ҳол чанд мавҷи ҳамлаи мушакӣ бар зидди ҳадафҳои мушаххас дар сарзаминҳои ишғолшуда анҷом шудааст. Ҳарчанд ки режими саҳюнистӣ талоши сонсурро дошт, аммо расонаҳои байналмилалӣ, ки дар Исроил ҳузур доранд, тасвирҳоеро нашр карданд, ки аз ҳаҷми густурдаи харобкорӣ ва осеби марказҳои мавриди ҳадаф ҳикоят мекунанд.

Ин ҳолат ба маънои аз даст рафтани руҳияи саҳюнистон дар ҷанг бо Эрон аст. Онҳо бо ҳамроҳии Амрико моҳҳо барои ҳамла ба Эрон барнома доштанд, аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кӯтоҳтарин муддат посухи шадид ба Тел-Авив дод. Ин боиси нигаронии шадид ва эҳсоси тарс дар миёни мақомоти саҳюнист аз қудрати низомии Эрон гардид. Давом доштани посухҳои Эрон дар соатҳо ва рӯзҳои оянда метавонад хароҷоти гаронеро барои Тел-Авив ба бор орад.

Баланд бардоштани сатҳи боздорандагӣ як зарурат аст

Талош барои “либисозии” Эрон ба воситаи музокира ва “суриясозии” он бо ҳамлаи низомӣ як барномаи доимии меҳвари ибронӣ-ғарбист. Душман кӯшиш мекунад Ҷумҳурии Исломии Эронро аз ҳамаи омилҳои қудрат маҳрум кунад. Аз ҳамин рӯ, Эрон бояд сатҳи боздорандагии худро боло барад.

Ба ибораи сода қудрати низомии Эрон ҳам дар соҳаи ҳамла ва ҳам дар мудофиа бояд ба дараҷае бирасад, ки режими саҳюнистӣ дигар ҷуръати ҳамла ба Эронро надошта бошад ва ҳамеша аз рӯи тарс бо он муомила кунад. Бардоштани сатҳи дифоъ заруратест, ки ба назар мерасад, то ҷое амалӣ шудааст.

Он ки системаи дифоии Эрон тавонист F-35 –ро сарнагун кунад, нишонаи расидан ба ҳамин марҳила аст ва барои расидан ба боздорандагӣ чанд қадам бештар намондааст. Аз сӯи дигар, бо талошҳои шабонарӯзии шаҳид сардор Ҳоҷизода Эрон тавонист дар соҳаи дифои ҳавоӣ мувозинати қудратро ба нафъи худ дар минтақа тағйир диҳад ва интизор меравад, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.

Алиакбар Маъсумӣ, коршиноси масоили ғарби Осиё, хабаргузории “Меҳр”-и Эрон

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.