Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Пекин аз рӯзи 16-уми июн оғоз мешавад
Ширкати ҳавопаймои “China Southern Airlines”-и Чин рӯзи 16-уми июн парвозҳои мустақими мусофирбариро миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин оғоз мекунад. Парвози мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин дар як ҳафта ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода хоҳад шуд.
Дар ин хусус Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дода, зикр кардааст, ки ифтитоҳи парвозҳо дар доираи татбиқи дастур ва ҳидоятҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон сурат гирифта, мақсади он густариши ҳамкориҳо бо Чин дар бахши авиатсияи гражданӣ мебошад.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик густариши шабакаи парвозҳои ҳавоӣ ба Чин яке аз мавзуъҳои асосии мулоқоти дуҷониба дар ҷараёни сафари давлатии президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2024 буд.
Баъди мулоқоти дуҷонибаи сарони кишварҳо моҳи марти соли 2025 ҳайати маъмурияти авиатсияи граждании Чин аз Душанбе боздид карда, бо роҳбарияти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва намояндагони ширкати “China Southern Airlines” гуфтугӯҳои судманд анҷом доданд.
Тибқи иттилои мақомоти соҳа дар солҳои ахир хатсайрҳои байналмилалии Тоҷикистон бо Истанбул, Маскав, Дубай, Тошканд, Алмаато, Теҳрон ва Деҳлӣ низ фаъол гардидааст.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар оянда низ бо мақсади беҳтар кардани хизматрасонӣ ва рушди рақобатпазирии бозорҳои ҳавонавардӣ ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи ҳавопаймоии ҷаҳон идома хоҳад ёфт ва шумораи парвозҳои байналмилалӣ афзоиш меёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”