27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
12.06.2025 17:19

Дар Хуҷанд форуми байналмилалии сармоягузории “Суғд-2025” баргузор гардид

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ дар доираи ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии “Суғд-2025” Форуми байналмилалӣ зери унвони “Имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти вилояти Суғд хабар дода, афзуд, ки ин чорабинӣ бо ширкати васеи намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор шуд.

Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи Форум суханронӣ намуда, зикр кард, ки баргузории форум ба далели рӯшани сиёсати “дарҳои кушод” –и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи он барои густариши ҳамкориҳои судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Ба таъкиди раиси вилоят тайи 11 соли охир Форум ба як майдони муҳимми муколамаи тиҷоратӣ ва рушди робитаҳои иқтисодӣ табдил ёфт. Имсол дар он беш аз 500 намоянда аз 20 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд.

Ба асоси гуфтаи масъулони Форум танҳо дар панҷ соли ахир ба иқтисодиёти вилояти Суғд беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст. Айни замон дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 250 миллион доллар амалӣ карда мешавад.

Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки саноатикунонии босуръат, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ҳамчун афзалияти сиёсати давлатӣ зикр шудааст, дар меҳвари барномаҳои рушд қарор дорад. Дар ин замина вилоят ба рушди пойгоҳи истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва густариши коркарди ашёи хом аҳамияти хоса медиҳад.

Дар идомаи суханронӣ раиси вилоят имконоти мусоиди сармоягузорӣ, аз ҷумла мавҷудияти минтақаҳои санотӣ дар навоҳии вилоят ва Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро, ки бо зерсохтори муосир таъмин аст, ҳамчун фурсати беҳтарин барои сармоягузорон арзёбӣ намуд.

Аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ рушди саноати субук, коркарди пахта, бунёди гармхонаҳои муосир, инчунин, бахшҳои фармасевтӣ ва заргарӣ зикр гардиданд.

Раиси вилоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуштибонии ташаббусҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути додани имтиёзҳои андозию гумрукӣ изҳори сипос кард ва ҳамкории башардӯстона дар бахшҳои илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳангро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар форум ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои соҳибкорӣ суханронӣ намуда, сатҳи баланди ташкили Форум ва нақши он дар тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии минтақавиро баланд арзёбӣ карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.